Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Қирғизистон


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон созишномаи ҳамкориҳои низомӣ миёни ин кишвар бо Қирғизистонро ба тасвиб расонд. Рамил Нодиров - муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон ба ҳангоми муаррифии созишномаи мазкур гуфт, Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари Осиёи Марказӣ ва яке ҳамҷавор бо Афғонистон, дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир,ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои қочоқчӣ ба қаламрави кишварҳои худ, таҳдиди терроризм ва таҳкими амният дар марзҳо ниёз ба ҳамкориҳои дуҷониба доранд.
Оқои Нодиров афзуд: "Ҳадаф аз қабули ин созишнома тақвияти муборизаи муштарак ба манзури таҳкимбахшӣ ва муҳофизати амният ва субот дар минтақа мебошад."

Ба эътиқоди муовини вазири дифои Тоҷикистон, ин созишнома имконияти бештари ҳамкориҳои ҳарду кишварро дар заминаи низомӣ фароҳам хоҳад кард. Оқои Нодиров баргузории размоиши муштараки воҳидҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи ҳар ду кишварро дар ду ҳафтаи қабл дар ноҳияи Ҷиргатол ва вилояти Ботканд ба унвони намунаи нахустини ҳамкориҳои амалии низомии миёни ин кишварҳо ном бурд. Дар ҳамин ҳол Абдулло Ҳабибов - узви Кумитаи амният ва дифои Маҷлиси намояндагон низ қабули созишномаи ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро боаҳамият ва муфид хонд. Оқои Ҳабибов бо ишора ба баҳсҳои ба вуҷудомада миёни ин ду давлат ба дунболи вуруди ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ яке аз роҳбарони Ҳизби Исломии Узбакистон ба қаламрави Қирғизистон аз тариқи кӯҳҳои Тоҷикистон дар соли 1999 гуфт, тасвиби ин созишнома аз як сӯ эътимод ва аз сӯи дигар мукаллафияти кишварҳоро дар баробари ҳам муайян мекунад.

Аммо вай ҳамзамон вуқӯи даргириҳои ахир миёни гурӯҳҳои номаълум ва нирӯҳои ҳукуматиро дар навоҳии шарқи кишвар, ки бо марзҳои Қирғизистон наздикӣ доранд, ҳеҷ навъи таҳдид ба амнияти ин ду кишвар наҳисобид: "Воқеоти ахире, ки дар Рашт ҷо доштанд, чизе нестанд, ки моро ба ташвиш биёранд. Онҳо ду-се нафаре буданд, ки силоҳро насупорида буданд дар вақташ, барои ҳамин ҳам онҳоро органҳои дахлдор дастгир карда силоҳро аз дасташон гирифтанд." Рамил Нодиров - муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон гуфт ин созишнома дар баҳори соли ҷорӣ аз сӯи вузарои дифои ҳарду кишвар имзо шудааст ва Тоҷикистон бо кишварҳои Русия, Қазоқистон, Украина ва Молдова низ чунин созишномаҳоро қаблан ба тасвиб расонида буд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG