Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз озмоишҳои ҳастаӣ бехабар намемонад


Мутахассисони соҳаи физикаи чаҳор кишвари Осиёи Миёна Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳамроҳ бо мутахассисони Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико ба баррасии тарҳе таҳти унвони "Осиёи Миёна - минтақаи бидуни силоҳи ҳаставӣ" шурӯъ намуданд. Доктор Акрам Ҷӯраев - мутахассиси Пажӯҳишгоҳи физикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иқдом ба хотири он пеш гирифта шуд, ки Тоҷикистон дар ҳалқаи кишварҳои соҳиби силоҳои ҳаставӣ қарор дорад ва озмоишҳои ин гуна силоҳҳо аз ҷониби ин кишварҳо ҳатман ба олуда гаштани ҳаво ва оби ошомидании минтақа меорад: «Бубинед, аз як тараф Русия аз ҷониби дигар Чин, Ҳиндустон, Покистон давлатҳои дорои силоҳи ҳаставӣ моро дар ҳалқаи худ гирифтаанд. Ва тақрибан ин кишварҳои Осиёи миёна дар як ҷазира қарор гирифтаанд. Ва мо мехоҳем, як системаеро эҷод намоем, ки дар бахши ҳаставӣ аз вазъи якдигар огоҳ бошем. Ва пеш аз ҳама ба якдигар эътимод ҳосил намоем."

Бар асоси ин тарҳ, масалан, кишварҳои Осиёи Миёна якдигарро аз мавҷудияти зарроти навъи урани 235, ки барои бомбаҳои ҳастаӣ истифода мешавад ва маводи дигари кимиёвию ҳаставӣ дар таркиби оби дарёҳои худ огоҳ мекунанд. Барои ин ҳар кишвар аз 15 нуктаи дарёҳо намунаҳои хокрезаҳоеро, ки борон ба дарёҳо меафканад, барои имтиҳон ва ташхис ба кишварҳои якдигар мефиристанд. Ва дида мешавад, ки сатҳи мавҷудияти ташашӯъ дар оби ошомиданӣ дар кадом сатҳ қарор дорад.
Ва ҳадафи мо мегӯяд физики тоҷик огоҳ сохтани ҳукумати кишвар аз вазъи беҳдоштӣ ва экологии Тоҷикистон ва минтақа мебошад. Моҳи майи соли 1998 Ҳиндустону Покистон пайи ҳам силоҳҳои ҳаставии худро озмуданд ва ба гуфтаи Акрам Ҷӯраев самти ҳаракати шамол ба тарафи Осиёи Миёна буд ва дар натиҷа гарду ғубори олуда ба ин тараф омад. Хосияти фарқкунандаи кӯҳҳои Ҳисор ин аст, ки дар он гарду ғубор бештар менишинад ва ҳангоми борон ин ҳама ба дарё мерезад.

Доктор Акрам Ҷураев меафзояд, давлатҳои дорои силоҳи ҳаставӣ ба монанди Чин, Русия, Покистон ва Ҳиндустон бояд қабл аз озмоиши силоҳи ҳаставии худ кишварҳои Осиёи Миёнаро огоҳ созанд, то ин ки мақомоти масъули ин кишварҳо барои ҷилавгирӣ аз зарар ва ҳифзи аҳолии минтақа чораҷӯӣ кунанд.
Модоме ки мегӯяд, олими тоҷик ин кишварҳо барои сохтани силоҳи ҳаставӣ ва таркондани бомбаҳо ва озмоиши силоҳҳои худ пул харҷ мекунанд, бояд ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ба хотири ҳифзи сокинони он эҳтимоли зарари ворида аз озмоиши силоҳҳои ҳаставӣ кӯмак кунанд. Кумак кунанд, то ин ки як системаи огоҳсозӣ эҷод шавад ва аз роҳи он кишварҳои Осиёи Миёна тавонанд барои поксозии оби ошомиданӣ ва ҷилавгирӣ аз роҳ ёфтани ҳаргуна маводи зараровари кимиёвӣ дар таркиби обҳои минтақа чораҳои эҳтиётӣ ҷӯянд. Ба қавли оқои Ҷӯраев, мутахассисони тоҷик тарҳи эҷоди системаи огоҳсозиро дар авоили ҳафтаи оянда барои баррасӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешинҳод хоҳанд кард.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG