Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон 25 август бо интишори як баёния аз мутаваққиф гардидани чопи чаҳор ҳафтаномаи ғайридавлатии ин кишвар изҳори нигаронӣ намудааст. Ҳафтаи дуввум аст, ки дар пайи баста шудани чопхонаи хусусии "Ҷиёнхон" аз сӯи полиси андоз чаҳор ҳафтаномаи тоҷикзабони ин кишвар «Рӯзи Нав», «Нерӯи Сухан», «Наҷот» ва «Одаму Олам» аз имкони нашр маҳрум мондаанд. Бо вуҷуди талошҳои зиёди сардабирони ин ҳафтаномаҳо барои дарёфти маҳаллӣ нави чоп гуфта мешавад, то кунун чопхонае дар шаҳри Душанбе нашру чопи ҳафтаномаҳои мутаваққиф гаштаро ба ӯҳда нагирифтааст ва ба ин тартиб сарнавишти минбаъдаи нашри онҳо ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад.
Дар ҳамин ҳол Фахриддини Холбек - муовини сардабири нашрияи «Рӯзи Нав» гуфт, сарфи назар аз муроҷиати онҳо ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳукумат посухи мушаххасе дар робита ба эҳёи нашри «Рӯзи Нав» нагирифтаанд. Дар баёнияи сафорати Амрико дар Душанбе таъкид шудааст, ки матбуоти озод яке аз рукнҳои ҳатмӣ ва зарурии ҳар ҷомеаи озоду шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад ва он василаи муассири кашфи фасодкорӣ аст. Бидуни фаъол будани матбуоти озод, меафзояд, баёнияи мазкур давлатҳо аз масоилу мушкилоти умдаи мардум ва ҷомеа бехабар ва канор мемонанд.
Дар баёнияи сафорати Амрико бо ишора ба мутаваққиф гардидани фаъолияти чопхонаи "Ҷиёнхон" зикр шудааст, ки ин иқдом як навъ ҳушдор ба сойир чопхонаҳои Тоҷикистон аст, ки ба хотири эмин мондан аз фишорҳои мақомоти расмӣ аз нашру чопи ҳафтаномаҳои мустақил худдорӣ варзанд.
Дар баёния омадааст, ки рӯзномаҳои қарздор бояд маблағи муайянгаштаи андозро пардохт намоянд, вале рафъи тахаллуфоти мавҷуд дар ин самт бояд ба наҳве сурат бигирад, ки монеъи рушди матбуоти озод нагардад. Ба ҷои эҷоди равобити хасмона ҳукуматҳо бояд изҳори назарҳои мухталифро таҳаммул намоянд, зеро ин ҳаққи мардум аст, ки чӣ гуна саҳеҳӣ, ё нодурустии ин ё он нуктаи назарро қабул менамоянд.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG