Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон - мазлумтарини аъзои хонаводаҳо


Бар асоси натоиҷи таҳқиқоти анҷомдодаи Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон аксари мавридҳои хушунат алайҳи занон дар хонавода сурат мегирад. Дар гузорише марбут ба ин таҳқиқот омадааст, ҳар чаҳорум қурбонии ҷиноёт дар Тоҷикистон занонеанд, ки дар хонавода мавриди хушунат қарор гирифтаанд. Созмони мазкур дар натиҷаи баррасӣ ва таҳлили ҷиноятҳои сабтшуда ва парвандаҳои ҷиноӣ ва ҳалномаҳои додгоҳӣ зарфи чанд вақти ахир ба чунин натиҷа расидааст.
Намояндагони ниҳодҳои марбутаи ҳукумат, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе ба баррасии натиҷаи ин таҳқиқот пардохта ва ҳамзамон дар мавриди роҳҳҳалҳои ин мушкил баҳс карданд. Аз ҷумла ба назари бархе аз ширкаткунандагони ин конфронс қабули «Қонуни Тоҷикистон дар бораи ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз хушунати хонаводагӣ», як шарти ҳатмии ҷилавгирӣ аз хушунат алайҳи занон мебошад. Гулчеҳра Мирзоева - раиси созмони ғайриҳукуматии «Модар» дар ин бора гуфт: "Қабули қонун дар Тоҷикистон зарур аст ва таъсиси марказҳои бӯҳроншиносӣ ва кӯмак. Мо дар водии Қаротегин нишастҳо доштем ва худи мардум ин масъаларо бардоштанд. Аввал дар ин самт созмонҳои хориҷӣ метавонанд кӯмак кунанд ва ҳукумат низ бевосита метавонад бевосита дар таъсиси чунин марказҳо мадад расонад."
Аммо дар ҳамин ҳол Ойниҳол Бобоназарова - доктори илми ҳуқуқ ва узви Лигаи занони ҳуқуқшинос мегӯяд, танҳо қабули қонун наметавонад ин масъаларо ҳал кунад. Ва дар ҷиҳати рафъи ин мушкил бояд бархӯрди амиқтар ва бунёдӣ сурат бигирад: "Қабули қонун зарурат дорад, аммо ман аз он метарсам, ки то кадом андоза он амал мекунад. Доир ба бисёрзанӣ қонун қабул шуд, аммо мебинем, ки он иҷро намешавад. Барои он ки мард ба зан зуровариро раво набинад, мо бояд аз мактаб сар карда, онҳоро тарбия кунем. Агар мо гӯем, ки танҳо бо роҳи ҷазо додан ин масъаларо ҳал кард, ба фикри ман ин метавонад дар ҷомеаи ҳозираи Тоҷикистон баръакс ин мушкилӣ меорад."
Қиёмиддин Миралиев - корманди масъули Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон низ гуфт, қабули қонуни мазкур, ки ҳанӯз дар ҳоли таҳия шудан аст, як амри зарурист. Вале то кунун низ барнома ва тарҳҳои мушаххаси зиёде мавҷуд аст, ки бидуни амал боқӣ мондааст. Аз ҷумла, мухолифат бо ҷалби ҷавондухтарони деҳот ба макотиб низ ба гуфтаи ӯ, як навъи хушунат нисбат ба занон аст.
Ба гуфтаи ӯ, иллати аслии амалӣ нашудани барномаҳои мазкур ва инчунин афзоиши хушунат камбуди маблағ ва имконоти молист.
Ба назари ширкаткунандагони ин нишаст, ба манзури мубориза бо ин мушкил бояд марказҳои бӯҳроншиносӣ, шабакаи хадамоти ҳимоятгарон ё адвокатҳои иҷтимоӣ таъсис ва тақвият шуда ва давлат дар ҷиҳати рафъи ин мушкил ва таҳияи барномаҳо ба ин манзур бояд бо созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамкорӣ кунад.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG