Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тартиби нави равуо ба кишварҳои Авруосиё


Сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷумҳуриҳои Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва шаҳрвандони ин кишварҳо ба Тоҷикистон шурӯъ аз таърихи 1 июли соли 2005 танҳо бо паспорт, ё шиносномаи хориҷӣ сурат хоҳад гирифт.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз тарики телевизиони ҷумҳурӣ эълом дошт, ҳар нафаре, ки ба сафари хидматӣ, ҷаҳонгардӣ ва ё ба муҳоҷирати корӣ ба ин кишварҳо меравад, бояд паспорти хориҷӣ дошта бошад. То кунун миёни ин кишварҳо ҳеҷ гуна раводид ва ё шароити дигар вуҷуд надоштааст. Тоҳир Аҳмадов, сардори раёсати консулии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин маврид гуфт: "Тибқи қарори кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ба натиҷае расидем, ки аз 1 июли соли 2005 сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамчунин шаҳрвандони ҳамон кишварҳо, яъне Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар қаламрави ин кишварҳо аз тариқи паспорти хориҷӣ амалӣ мешавад. Феълан паспорти умумишаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 29 доллар бо курси сомонӣ ба сандуқи вазорати умури хориҷа ва 21 сомонӣ боҷ ба кассаи амонатӣ супорида мешавад. Паспортҳои умумишаҳрвандиро ҳам вазорати умури хориҷа ва ҳам шӯъбаҳои бақайдгирии вазорати корҳои дохилӣ медиҳад."
Ва аммо тибқи иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ сад ҳазор нусха паспорти хориҷии умумишаҳрвандӣ вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи вазорати кори Тоҷикистон теъдоди афроде, ки танҳо ба Русия барои кор мераванд, беш аз 400 ҳазор нафар мебошанд. Тоҳир Аҳмадов, ҳамчунин гуфт, ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад ва то моҳи июли соли оянда нусхаи бештар омода карда хоҳад шуд. Илова бар ин оқои Ахмадов гуфт, афроде, ки дар навоҳии дурдаст ба сар мебаранд ва агар паспорти хориҷӣ лозим омад, ба ОВИРҳо, шӯъбаи раводид дар вилоятҳои кишвар метавонанд муроҷиат кунанд.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG