Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуллаҳои беноми Помирро ном мениҳанд


Панҷ қуллаи беноми Помир дар ду ҳафтаи наздик фатҳ ва соҳиби исм хоҳад гардид. Ҷамъияти байналмилалии кӯҳнавардон ва вазорати ҳолоти фавқулоддаи Тоҷикистон барои дуввумин бор ба Помир ва кӯли Сарез ҳайъати илмӣ-варзишӣ иборат аз 12 тан кӯҳнавардони тоҷик ва русро эъзом менамояд. Ислом Усмонов - муовини вазири ҳолоти фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи сиюми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, экспедитсия якуми август шурӯъ гардида то 18 август идома меёбад. Ҷаноби Усмонов дар иртибот ба вазоифи экспедитсия гуфт: «Масъалаҳои сарбанди Усой ва кӯли Сарезро дида мебароянд.»
Ба гуфти ҷаноби Усмонов, фатҳи панҷ қуллаи Помир ва ғӯта зании аквалангистҳо ба кӯли Сарез, ки дар Осиёи Марказӣ амиқтарин маҳсуб мегардад, вазифаҳои аслии варзишии экспедитсия мебошад. Яке аз қуллаҳо ба ифтихори ҳаштодсолагии Душанбе «Пойтахт» ном мегирад ва қуллаи дигар, ки дар баландии 5.600 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст, «Олимп-2004» номгузорӣ мешавад. Кӯҳнавардон ҳамчунин баландии қуллаҳоеро, ки фатҳашон дар назар аст, андоза мекунанд ва ба харитаи Тоҷикистон ворид месозанд. Таҳқиқи сарбанди Усой ва кӯли Сарез низ аз аҳдофи аслии экспедитсия мебошад. Ислом Усмонов-муовини вазири ҳолоти фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи натоиҷи экспедитсия таҳияи як филми ҳуҷҷатӣ дар назар аст:
«Соли гузашта даври авали ин экспедитсия гузашта буд ва дар натиҷааш як филм ба навор гирифта шуда буд. Пас аз анҷоми ин экспедитсия низ таҳияи як филм дар назар аст.»
Азбаски фатҳи қуллаҳои беноми Помир ва тадқиқи Сарез ба олимпиадаи Афина рост меояд, тамоси мустақими кӯҳнавардон бо Юнон, бо олимпичиёни тоҷик дар назар аст.
Ҳумойюни Шаҳриёр аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG