Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҷа Оби Гарм дубора дарҳояшро боз мекунад


Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм», воқеъ дар панҷоҳкилометрии шаҳри Душанбе, ки бар асари боришоти шадиди ҳафтае қабл тахриб гашта буд ва истироҳаткунандагони он иҷборан ин мавзеъро тарк намуда буданд, 2 август аз нав ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Муқим Ҳикматов, раиси шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба идоракунии осоишгоҳҳои созмони иттиҳодияхои коргарии Точикистон дар сӯҳбат ба Радиёи Озодӣ гуфт, бо кӯмаки ҳукумати кишвар иншооти поксозӣ ва роҳи мошингарди осоишгоҳ оҷилан тармим шуд. Ӯ афзуд, ҳамакнун як комиссиюн таркиби оби иншооти тахрибгаштаро мавриди омӯзиш қарор додааст ва то рӯзи шанбеи 31 июл ин корро ба анҷом хоҳад расонд: "Имрўз тамоми он вайронаҳое, ки дар роҳи «Хоҷа Оби Гарм» ба амал омада буд, рўзи 2 август осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» ба истифода дода мешавад. Аз рӯзи шанбе вамаи иншооти поксозӣ ба истифода дода мешаванд. "
Ин дар ҳолест, дар Тоҷикистон фасли осоиши мардум идома дорад ва ба гуфтаи оқои Ҳикматов шумори истироҳаткунандагон дар «Хоҷа Оби Гарм» дар муқоиса бо дигар осоишгоҳҳо дар ҳоли афзоиш аст. Ҳикматов афзуд, дар ҳоли ҳозир осоишгоҳҳои бузурги Тоҷикистон - «Хоҷа Оби Гарм», «Шоҳамбарӣ», «Ӯротеппа», «Оби Гарм», «Қаротоғ», «Ҳавотоғ» ва «Конибодом», ки тобеи созмони иттиҳодияҳои коргарии кишвар ҳастанд, фаъоланд. Аммо осоишгоҳи «Конибодом» ба иллати дур рафтани соҳили баҳр аз ин мавзеъ шумори талабгорони худро батамом аз даст додааст. Бо ин ҳама Ҳикматов мегӯяд, дар ҳама осоишгоҳҳои ин соҳа барои истироҳат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки шумораи беш аз панҷ ҳазор нафар мардуми осоишкунанда далели ин гуфтаҳост: "Гуфтан мумкин имрӯз тамоми истироҳатгоҳҳои мо банд ҳастанд, яъне мардум пурра дар он ҷойҳо истироҳат доранд. Истироҳатгоҳи «Обигарм», ки муддати чанд сол боз фаъолият надошт, имсол 150 нафар ниёзмандонро ба истироҳат фаро гирифтааст."
Аммо ба гуфтаи чанд нафар шоҳидон, ки моҳе қабл дар осоишгоҳҳои маъруфи созмони иттиҳодияи коргарии Тоҷикистон истироҳат доштанд, наметавон шароити феълии ин осоишгоххоро хуб гуфт. Як тан аз истироҳаткунандагон Ирина Михайлова дар баробари ин арзиши роҳхати осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»-ро, ки дар ҳоли ҳозир аз 143 то 218 сомонӣ аст, ба вазъи иҷтимоии мардум номуносиб арзёби кард:
Ӯ мегӯяд: "Чанде пеш мо ба осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» рафта будем. Қабл аз ҳама арзиши роҳхат гарон аст ва ба изофаи ин шароити хизматрасонӣ чандон мувофиқи матлаб нест."
Муқим Ҳикматов, раиси шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба идоракунии осоишгоҳҳои созмони иттиҳодияҳои коргарии Тоҷикистон мавҷудияти мушкилот ва гарон будани арзиши роҳхатхоро рад накард. Аммо, ба гуфтаи ӯ, беш аз 80 дарсади маблағи роҳхат ба осоишгоҳҳоро барои касоне, ки узви ин созмон хастанд, созмони иттиҳодияҳои коргарӣ пардохт мекардааст. Оқои Ҳикматов афзуд, маблағе, ки аз ҳаққулузвияти кормандони корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ ҷамъ меояд, дар маҷмӯъ танҳо ба маблағи чанд роҳхат рост меояду бас.
Ба гуфтаи бархе аз истироҳаткунандагон мушкили умдаи осоишгоҳҳои марбут ба созмони иттиҳодияҳои коргарӣ - гаронии роҳхат ва шароити начандон муносиби онҳо боқӣ мондааст.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG