Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба Тоҷикистон 6 миллион доллар медиҳад


Ҳукумати Чин гуфтааст, як кӯмаки билоивази иборат аз 50 милён юан, муодили тақрибан 6 милён доллари амрикоиро дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад. Созишномаи марбута дар ҷараёни иҷлоси Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Пекин имзо шудааст. Тоҷикистон тайи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ бо Чин ба маблағи 30 милён доллар табдили молу коло кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба бештар будааст.
XS
SM
MD
LG