Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон баёнияи Амрикоро рад кард


Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида зимни нашри як иттиллоия аз имкони анҷоми амалҳои террористӣ алайҳи шаҳрвандони Амрико дар Тоҷикистон ҳушдор додааст. Алмос Сайфиддинов, ёвари матбуотии сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд: "Ин эъломия ба манзури огоҳ кардани шаҳрвандони амрикоӣ аз имкони билқувваи сурат гирифтани амалҳои террористӣ алайҳи шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон мебошад. Ҳадаф аз он таъкид ба шаҳрвандони амрикоӣ барои омӯзиши вазъи амниятӣ қабл аз сафар ба Тоҷикистон мебошад."
Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Амрико аз гурӯҳҳои исломгарое назири Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки иртиботи он бо Ал-қоида таъкид низ шудааст, ба унвони гурӯҳҳои ҳанӯз фаъол дар Тоҷикистон ва хатарзо барои шаҳрвандони Амрико ёдоварӣ шудааст.
Вазорати умури хориҷаи Амрико ҳамчунин аз шаҳрвандони худ, ки дар Душанбе ба сар мебаранд, низ хостааст барномаҳои сафари худ ба хориҷ аз пойтахтро бо сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ҳамоҳанг созанд.
Сухангӯи сафорати Иёлоти Муттаҳида таъкид кард, ки чунин ҳушдор дар мавриди вазъи амниятии кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон ба сурати маъмулӣ сари ҳар шаш моҳ як маротиба сурат мегирад.
Аммо мақомоти амниятӣ ва сиёсии Тоҷикистон ин иддаои вазорати хориҷаи Амрикоро рад мекунанд. Дар ҳоли таҳияи ин гузориш Игор Сатторов - сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо нашри як иттиллоияи фишурда иддаои вазорати хориҷаи Амрикоро дар мавриди имкони амалҳои террористӣ ба зидди шаҳрвандони амрикоӣ рад кард.
Игор Сатторов гуфт: "Баёнияи вазорати хориҷаи Амрико хусусияти инерсионӣ дорад ва воқеъияти авзои Тоҷикистон, ки тамоми имконот ва шароит барои таъмини амнияти шаҳрвандони хориҷӣ мавҷуд аст, сарфи назар шудааст."
Дар ҳамин ҳол Мурод Шоимов - мушовири Шурои амнияти Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ гурӯҳи террористӣ ва ғайриқонуние дар Тоҷикистон фаъол боқӣ намондааст ва амнияти шаҳрвандони хориҷиро хатаре таҳдид намекунад.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG