Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи «Ориён» - нашрияи ҲДТ дар вилояти Суғд


Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд чопи нашрияи худ «Ориён» - ро пас аз танаффуси чаҳорсола боз аз сар гирифт. Нахустин шумораи он, ки дар матбааи Истаравшан дар ҳаҷми чаҳор саҳифа ва бо теъдоди 500 нусха нашр шудааст, ба дасти хонандагон расид. Ҷумъабой Ниёзов - сарвари созмони ҳизби демократ дар вилояти Суғд мегӯяд, ин ҳизб чопи нашрияи худро дар минтақаи шимоли Тоҷикистон 12 сол қабл, ибтидои соли 1992 ба роҳ монда буд. Аммо поёни ҳамон сол бо сари қудрат омадани давлати нав дар Тоҷикистон ва манъи фаъолияти як идда аҳзобу созмонҳои кишвар, аз ҷумла - ҳизби демократ нашри ҳафтавори «Ориён» низ манъ гардид.
Оқои Ниёзов афзуд: «Баъди аз нав номнавис шудани ҳизби демократи Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 1999 «Ориён» низ аз нав номнавис шуд ва дар давраи интихоботи соли 2002 боз чоп шудан гирифт. Лекин баъд аз як муддат бо сабабҳои молиявӣ нашри ҳафтаномаро муваққатан қатъ гардонидем. Инак, имрӯз созмони ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифт, нашрияи худро аз нав эҳё намояд."
Ҳамин тариқ, ҳизби демократ дар байни аҳзоби дигари сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аввалин шуда, соҳиби як нашрия ва минбари худӣ гардид. Аз нигоҳи коршиносон, ин тасмими ҳизби демократ ба густариши фаъолияти сиёсии ин ҳизб дар давраи тасвиби Қонуни нави интихобот дар Тоҷикистон ва интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонии кишвар бастагӣ дорад. Тасвиби пешнависи ислоҳи Қонуни интихоботи Тоҷикистон ва масоили фаъолияти аҳзоби сиёсии Суғд мавзӯъоти меҳварии шумораи нахустини «Ориён» - ро ташкил додааст. Дар нашрия муроҷиати ҳизбҳои сиёсии Точикистон: демократ, коммунист, наҳзати исломӣ, сотсиал -демократ ва сотсиалистӣ ба президент Раҳмонов бо пешниҳодоти калидии ин аҳзоб ба пешнависи ислоҳи Қонуни интихоботи кишвар чоп шудааст.
Ҷумъабой Ниёзов - сарвари созмони суғдии ҳизби демократи Тоҷикистон аз сарфи назар шудани пешниҳодоти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз ҷониби парлумони кишвар зимни тасвиби лоиҳаи Қонуни интихобот изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, ин пешниҳодҳо иштироки баробари намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ дар комиссияҳои интихоботии аз ҳавзаҳо то марказ, дар пеши назари нозирони дохиливу байналмилалӣ ва шахсони боэътимоди номзадҳо бо қалами худкор ва ё ручка пур кардани протоколҳои натиҷаи овоздиҳӣ ва ба нозирон додани нусхаҳои натиҷавии протоколҳои овоздиҳиро ҳамчун омили асосии шаффофияти баргузории интихобот дар назар дошт. Ба назари оқои Ниёзов, ҳизби халқӣ-демократӣ ва ё ҳизби ҳукмрон, ки дар парлумони кишвар бештари курсиҳоро соҳиб аст, бо рад кардани пешниҳодҳои аҳзоби сиёсии дигар баргузории озоду шаффофи интихоботҳои оянда дар Тоҷикистонро зери суол гузоштааст. Оқои Ниёзов дар шумораи аввали нашрияи ҳизби демократ дар вилояти Суғд - «Ориён» изҳори умед кардааст, президенти Тоҷикистон пешнависи Қонуни интихоботи кишварро, ки аз он пешниҳодоти калидии аҳзоби сиёсии кишвар берун мондааст, ба хотири таъмини меъёрҳои интихоботи озоду демократӣ барои баррасии дигарбора ба парлумон бозпас хоҳад гардонд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG