Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зидди муҳоҷирон дар Маскав


Тазоҳурот бар зидди ҳузури муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия зӯҳри рӯзи сешанбе, 22 июн дар майдони театри Маскав дар ҳошияи Кохи Кремл ва Думаи давлатӣ баргузор гардид. Ширкаткунадагони митинг муҳоҷиронро қочоқбарони аслии маводи мухаддир донистанд ва хостори ихроҷу эъдоми онҳо шуданд. Онҳо шиор медоданд: "Ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ чӣ бояд кард. Бояд кушт, бояд депортатсия кард." Ин ҷавоби тазоҳургарон ба хитоби Александр Белов, раиси созмони «Ҷунбиши муқобилат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ» буд.
Белов идома дод, 90 дар сади "аҷали сафед" аз Тоҷикистон мерасад. Фикри Белов аз сӯи дигар созмондеҳони тазоҳурот, «Иттиҳодияи миллии зидди маводи мухаддир» ва «Дружинаи ҷавонони довталаб» низ дастгирӣ шуд. Исми ташкилкунандаи аслии тазоҳурот Евгений Ройзман, депутати Думаи давлатӣ аз Екатеринбург дар майдон эълом нашуд. Ройзман ҳам аз минбари тазоҳурот расман сухан накард, аммо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Сабаби муқовимат ба тоҷикон ин аст, ки мавҷи асосии маводи мухаддир ба Русия аз Тоҷикистон меояд ва онро тоҷикон меоранд. Ин далел аст ва аз далел ҷойи гурез нест." Депутати Думаи давлатии Русия ҳамчунин иброз кард, ягона роҳи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир маҳдуд кардани вуруди тоҷикон ба Русия аст.
Аз ҷараёни митинг намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия назорат карданд. Онҳо ба гуфтаҳои тазоҳургарон вокуниш нишон надоданд, аммо муовини раҳбари консулгарии сафорат Фурқат Ҳувайдуллоев, ақоиди тазоҳургаронро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ маҳкум кард.
Вай гуфт: "Ҳамаи суханрониҳое, ки таҳти роҳбарии Ройзман ва Андрей Кабанов шуданд, як мақсад доранд, ки ин ҳам бадном кардани мардуми Тоҷикистон мебошад. Сафорати Тоҷикистон ин суханрониҳоро маҳкум менамояд, зеро онҳо ба муқобили халқи Тоҷикистон нигаронида шудаанд."
Шумораи тазоҳургарон ҳудудан сад нафар буд, ҳарчанд созмондеҳони тазоҳурот аз як ҳафта пеш бо интишори варақаҳои сершумор ҷомеъаи Маскавро ба митинги зидди муҳоҷирон даъват мекарданд.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG