Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнияти Осиёи Марказӣ, таҷриба ва ҳалли ихтилофот


Ширкаткунандагони конфронси илмии таҳти унвони «Амнияти Осиёи Марказӣ, таҷриба ва ҳалли ихтилофот» дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба системаи нави таъмини амнияти минтақа, қочоқи маводи мухаддир ва ҳимояти марзҳоро баррасӣ мекунанд. Ин конфронс бо ширкати коршиносони муассисаҳои пажуҳишӣ, устодони донишгоҳҳо ва намояндагони бархе аз созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе доир шудааст. Ба назари ширкаткунандагони ин конфронс, агарчанд ҳаракатҳои тундрави мазҳабӣ аз ҷумла ҷунбиши Толибон ва созмони Ал-қоида дар Афғонистон шикаст хӯрдаанд, аммо боз ҳам хатароти террористӣ амнияти минтақаро таҳдид мекунад. Ва ин зуҳурот тақозо мекунад, кишварҳои минтақа дар амалкард ва мубориза бо терроризм амалкардаҳои худро ҳамоҳанг созанд. Дар ин росто қабл аз ҳар чиз ба назари бархе аз коршиносон таҳкими марзҳо ба манзури ҷилавгирӣ аз убуру мурури қочоқбарон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ аҳамият пайдо кардааст. Виктор Летов, як мақоми нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон муътақид аст, дар сурати ихроҷи зудҳангоми марзбонони рус аз марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон амнияти минтақа осебпазир хоҳад шуд: "Ҳузури нирӯҳои марзбон ва лашкари дусаду яки Русия дар Тоҷикистон ба маънои кафолати амният ва субот дар ин кишвар аст ва ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ҳамасола ҳудуди 150 миллион долларро, ки баробари нисфи буҷаи ин кишвар аст, сарфа кунад. Ва Русия солона барои ҳимояти марзҳои Тоҷикистон то 30 миллион доллар масраф мекунад. Ба асоси қарордод ҷониби Тоҷикистон бояд панҷоҳ дарсади ҳазинаи ҳимояти марзбонҳо бо Афғонистонро пардохт кунад, вале бинобар мушкилоти мавҷуд танҳо се, ё чаҳор дарсад ин тааҳудро иҷро кардаасту халос. Агар нирӯҳои марзбони Русия ба сурати шитобзада ва ҳисоб нашуда марзҳоро тарк кунанд, қочоқи маводи мухаддир ва ҳаракатҳои ифротгароӣ тавсеа хоҳад ёфт."
Аммо Рашид Ғанӣ коршиноси тоҷик яке дигар аз ширкаткунандагони ин конфронс мегӯяд, манобеи энержӣ ва то поён ҳал нашудани масъалаи ташхиси марзҳо метавонад яке дигар аз масоиле бошад, ки дар оянда муносиботи кишварҳои минтақаро дучори мушкил кунад. Ба назари оқои Ғанӣ як мушкили дигари кишварҳои минтақа ёфтани роҳи ҳал ва музокира бо гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ-мазҳабист. Ва мисоли Тоҷикистон бояд барои онҳо дар ин замина намуна бошад.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG