Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Оҳан ба Шоҳмансур табдили ном кард


Маҷлиси Шурои вакилони Душанбе бо иттифоқи оро пешниҳоди ба Шоҳмансур табдили ном кардани ноҳияи Роҳи Оҳани пойтахтро дастгирӣ кардааст.
То ҳол се ноҳияи дигари шаҳри Душанбе табдили ном карда, ноҳияи Октябр - Исмоили Сомонӣ, Фрунзе - Абуалии Сино ва ноҳияи Марказӣ ба номи Фирдавсӣ гузошта шуда буд.
Маҷлиси пойтахти Тоҷикистон ҳамчунин бо як қарори дигар кучаи Шорсро ба исми додситони собиқи ин кишвар Саломиддин Шарофов номгузорӣ кардааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG