Бо даъвати ифшо ва интишори маълумот дар бораи ҷиноёти марбут ба шиканҷаи боздоштшудагон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Душанбе як ҳамоиши омузишӣ оғоз ёфт. Тоҷикистон конвенсияи байналмилалии зидди шиканҷа ва аъмоли дигари ғайриинсонӣ нисбат ба боздоштшудагонро имзо ва эътироф кардааст ва соли ҷорӣ бояд барои нахустин бор дар ин мавзуъ гузориш диҳад.
Гуфта мешавад, ҳарчанд ҳодисаҳои шиканҷаи одамон ҳангоми бозпурсиҳо дар Тоҷикистон зиёд рух медиҳад, вале омори дақиқи ин гуна воқеаҳо мавҷуд нест.
Шуҳрат Азимов - додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон сабаби адами ин оморро дар он мебинад, ки ин қабил ҷиноёт на ба ҳайси ягон руйхати алоҳида, балки дар бахши ҷиноёти боқимонда ба қайд гирифта мешавад: "Шиканҷа чун ҷиноёти дигар ҳисоб мешавад, на ҳамчун бахши алоҳидаи ҷиноятҳо, аз ин рӯ, гуфтани теъдоди аниқи парвандаҳои марбут ба шиканҷа дар миқёси ҷумҳурӣ кори душвор аст. Аммо ин гуна ҳодисаҳо рух медиҳад. Мисол, соли гузашта дар вилояти Суғд як гуруҳи кормандони баландпояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷурми шиканҷаи боздоштшудагон ба ҷазо кашида шуда буданд."
Ба қавли Муҳаббат Усмонова - мушовири ҳуқуқии созмони ҷамъиятии "Анҷумани занони ҳуқуқшинос" мегӯяд, имрӯз теъдоди он кормандони масъули бозпурсӣ, ки бо истифода аз зурӣ гумонбарро маҷбур ба эътирофи гуноҳ мекунанд, зиёд аст. Хонум Усмонова дар тақвияти суханҳояш мисолҳои мушаххас меорад: "Ҳодисае буд, ки ба марди гумонбаршуда таҳдиди дар пеши чашмонаш таҷовуз намудани зану духтарашро карда буданд, то у ба ҷурми муттаҳамгардидааш иқрор шавад ва ҳол он, ки шояд ӯ гунаҳгор ҳам набуд. Зани дигареро таҳдид намуда буданд, ки писарашро латукуб менамоянд, агар, албатта, баёноти иқрорӣ нанависад."
Охири соли гузашта "Анҷумани занони ҳуқуқшинос" ва бунёди ҷамъиятии "Панорама" бо миёнҷигии адвокатҳои мустақил ашхоси мавриди шиканҷаи кормандони ниҳодҳои қудратӣ қарор гирифтаро ҷустуҷу намуда, миёни онҳо пурсише гузаронидаанд. Тибқи тадқиқоти онҳо, маьмулан ашхоси қишрҳои миёнаи ҷомиа мавриди шиканҷа қарор мегиранд.
Татяна Бозрикова - раҳбари бунёди "Панорама" мегӯяд, ҳудуди ҳаштод дар сади пурсидашудагонро кормандони вазорати умури дохила боздошт намудаанд. Сӣ дар сади ин боздоштҳо ба соли 2003 ва беш аз чилу панҷ дар садаш ба солҳои 2001 - 2002 рост омадааст.
Дар мавриди анвоъи шиканҷа хонум Бозрикова чунин мегуяд: "Ҳар нафари чоруми пурсидашуда гуфт, ки мавриди фишори равонӣ қарор гирифтааст. 16 дар сад лату кӯб шудааст. Панҷ фоизро ба василаи нерӯи барқ азоб додаанд. Аз нисф зиёди пурсидашудагон дар соатҳои нахустини боздошт ва дар дафтарҳои кории кормандони ҳифзи ҳуқуқ шиканҷа дидаанд."
Хонум Бозрикова ҳадди аққал се ҷавонзанеро мисол меорад, ки дар дафтарҳои кории кормандони ниҳодҳои интизомӣ таҷовуз шудаанд. Як ҷавонзани 21-25 сола дар дафтари кории додситон таҷовуз шудааст, аммо аз тарс ба ҷое шикоят набурдааст. Ба андешаи коршиносон, боиси шикоят набурдан ва мӯҳри хомушӣ ба лаб задани ашхоси шиканҷадида маҳз хафв аз таъқибу фишор мебошад. Бархи зиёди дигари шиканҷадидагон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боварӣ надоранд. Тибқи тадқиқоти бунёди "Панорама", беш аз сивупанҷ дарсади он теъдоди ками ашхоси бо шиква аз шиканҷа бар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда ба дархости боз намудани парвандаи ҷиноӣ посухи рад гирифтаанд.
Хомӯшии афроди мазлум ва бехабарии онҳо аз ҳуқуқи хеш яке аз сабабҳои аслии густариши таҷрибаи шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ дониста шудааст. Вале гуфта мешавад, сабаби дигари ин, бехабарии худи кормандони интизомӣ аз қонунҳо мебошад. Татяна Бозрикова: "Кормандони ҳифзи ҳуқуқ фикр мекунанд, ки фишорҳои равонӣ, лату кӯб, таҳдид - инҳо шиканҷа нестанд. Ба фикри ман, иллати ин падидаро дар бесаводии бархе аз масъулони интизомӣ ва адами мафҳуми аниқи шиканҷа дар қонунгузории Тоҷикистон бояд ҷуст."
Шиканҷа дар моддаи нахустини конвенсияи байналмиллалии зидди шиканҷа таърифи аниқ ва мушаххас ёфтааст. Ин моддаро Абдуқайюм Юсуфов - раиси иттиҳодияи адвокатҳои Тоҷикистон қироат мекунад: "Дар ин конвенсия мафҳуми "шиканҷа" ба маънои зер омадааст: "Ҳама гуна амале, ки ба воситаи он ба шахсе қасдан, ё бо сабабе ба табъизи дорои ҳама гуна хислат асосёфта дарду азоби сахт ё азоби ҷисмонӣ ё маънавӣ расонида мешавад, то ки аз ӯ, аз шахси сеюм маълумот, баёнот гиранд, ё ӯро ба иқрор шудан маҷбур созанд, ӯро барои содир намудани амалҳои ӯ, ё шахси сеюм, ё барои гумонбар шуданаш дар содир намудани амали ҷиноие ҷазо диҳанд, инчунин у ё шахси сеюмро тарсонанд ё маҷбур созанд, дар сурате, ки чунин дарду азоб аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ ё бо шӯрангезии онҳо, ё бо огоҳии онҳо, ё бо ризоияти хомӯшонаи онҳо расонида мешавад." Ин аст мафҳуми шиканҷа мувофиқи конвенсия."
Ба гуфти ҷаноби Юсуфов, ҳануз қонунгузории Тоҷикистон мафҳуми шикаҷаро моҳиятан мушаххас накардааст, аммо Тоҷикистон узви конвенсияи манъи шиканҷа гардидааст ва имзои чунин як санади байналмилалӣ ҳар як кишварро ба иҷрои муқаррароти он уҳдадор месозад. Ва аммо ҳамоиши дурузаи Душанбе, ки бо ибтикори дафтари сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистон ва дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ташкил шудааст, ҳадаф дорад, ба масъулини ин кишвар дар омода намудани як гузориш дар мавзӯъи шиканҷа дар Тоҷикистон мусоидат намояд.