Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулҳи гароннархи Тоҷикистон ба хатар рӯ ба рӯст


Созмони Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ дар гузориши худ менависад, сулҳи ба мушкилӣ ба дастомадаи Тоҷикистон ба хатар рӯ ба рӯст. Аввалҳои соли ҷорӣ миёни раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов ва ҷангсолорони собиқ миёни ду тарафе, ки бо ҳам дар соли 1997 қарордоди сулҳро имзо карда буданд, ихтилофи назар ба вуҷуд омад. Ин масъала як муддат ба фазои сиёсии кишвар соя афганд. Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ менависад, бо наздикшавии интихоботи парламентии соли 2005-ум, ба назар мерасад, ки Раҳмонов омода аст, қудрати худро на танҳо ба қиммати ҷангсолорони собиқ, балки ба нархи гурӯҳҳои оппозитсионӣ, ба шумули Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳифз кунад. Ин созмон ҳушдор медиҳад, ки чунин мавқеъгирии Раҳмонов барои Тоҷикистон хатарнок аст. Зеро эътирозҳои мардум ба вазъият ба фаъолияти гурӯҳҳои тундрави исломӣ заминаро мусоид мекунад ва торафт нирӯ гирифтани як ҳалқаи хурди наздик ба раиси ҷумҳурӣ муборизаро ба зидди фасодкорӣ ва ҷиноят мушкилтар месозад.
Намояндаи Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ дар Тоҷикистон Майкл Ҳол зимни муаррифии гузориши номбурда гуфт, ки он ба вазъи сиёсии кишвар ва бархӯрди ҳизби ҳоким бо аҳзоби дигари сиёсӣ таваҷҷӯҳ кардааст: "Дар ин гузориш масъалаи муносибатҳои миёни ҳизби ҳукмрон ва ҳизбҳои оппозитсионӣ ва хусусан Ҳизби Наҳзати Ислом дохил шудааст."
Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ дар гузориши худ аз баъзе дастовардҳои Тоҷикистон низ ёдовар шудааст. Масалан, дар соли 2000-ум дар шаҳри Душанбе кам касон ҷуръат мекарданд, ки шабона ба кӯча бароянд. Он замон ҳанӯз ҳам садои тирандозиҳо ба гӯш мерасид. Вале ҳоло вазъи амниятии Душанбе беҳбуд ёфта ва ин шаҳр чандин бор ҷаласаҳои байналмилалиро мизбонӣ кардааст.
Иқтисоди Тоҷикистон низ як андоза рушд кард. Дар кишвар баъзе ҷойҳои нави кор низ эҷод шуданд, масалан, дар бахши сохтмон. Вале ба сурати умум, вазъият ҳанӯз душвор аст. Аксари мардум ҳанӯз камбизоат ва вобастаи кӯмакҳои байналмилалӣ мебошад.
Ҳанӯз давлат ба таври густарда ба иқтисод мудохила мекунад ва ҳокимияти қонун маҳдуд аст. Фасодкорӣ ба авҷ расида ва сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи чандоне нишон надодаанд.
Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ машварат медиҳад, ки барои рушди иқтисод ҳукумат бояд як сиёсати вижаро пеш гирад, сиёсатмадорони технократро вориди ҳукумат карда, сохторҳои бештар аз ҳама фасодзадаи давлатиро, ба шумули хадамоти корҳои дохилӣ ислоҳ намояд.
Дар гузориш омадааст, ки сохтори сиёсии Тоҷикистон ҳанӯз заиф аст ва ҷангсолориву маҳалгароӣ идома дорад. Раҳмонов тадриҷан тавону имконоти фармондеҳони собиқро маҳдудтар кардааст. Вале президент ба ҷои он, ки дар ивази ҷангсолорон ҳукумати фарогиреро ба вуҷуд оварад, ӯ баръакс мақомҳои муҳими давлатиро ба муттафиқон ва ҳаммаҳалҳои худ додааст.
Вале ҳукумати Тоҷикистон, ба гуфтаи сухангӯи раёсати ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Шарифов ба ин танқидҳо эътироз дорад: "Президенти Тоҷикистон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қатъӣ ин чизро гуфтанд ва дигар на мавқеи президент ва на идораҳои давлатӣ тағйир наёфтааст, нисбати ин масъала. Шахсан ман розӣ нестам бо ин хел баҳо."
Вале Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ дар гузориши худ пешбинӣ мекунад, ки бо наздикшавии интихоботи парламентии соли оянда ва интихоботи расёати ҷумҳурӣ дар соли 2006-ум, ташаннуҷҳои сиёсӣ ва фишори ҳукумат болои ҳизбҳои мухолифин афзоиш меёбад ва аз эҳтимол дур нест, ки ин интихоботҳо чун дар гузашта ғайриозод ва ғайриодилона барпо шуда, ҳизби ҳоким аксари курсиҳои парламентро ба даст оварад.
Холидаи Қодир
XS
SM
MD
LG