Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзи Чин ба неруи барқи Тоҷикистон


Як ҳайъати мутахассисини вазорати энергетикаи Чин иборат аз 6 нафар рузи панҷшанбе, 13 апрел аз вазъи сохтмони неругоҳи Сангтуда воқеъ дар 120 километрии ҷанубу шарқи пойтахти Тоҷикистон дидан намуда, бештар ба масъалаи наҳваи саҳм гирифтани Чин дар сохтмони ин неругоҳ таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Мутахассисони Чин ба қасди ошноӣ бо бозори обу барқи Тоҷикистон ва имкони харидории барқ аз ин кишвар, беш аз ду рӯз аст дар Душанбе ба сар мебаранд. Онҳо то кунун аз нерӯгоҳи оби барқии Роғун хабар гирифтанд ва бо имконоти он дар сурати шурӯъи кор бо тамоми нерӯмандиаш ошно гардидаанд.
Рашид Гулов, масъули раёсати сиёсати энергетикии вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар робита ба ин гуфт: "Ҳайъати мутахассисони Чин бо намояндагони вазоратҳои обу барқи кишвар чанд мулоқот анҷом доданд, ки ҳадафи аслии онҳо харидории барқи арзони Тоҷикистон барои манотиқи ғарбии Чин будаааст".
Оқои Гулов мегуяд, мутахассисони чиноӣ баринанд, ки сохтмони Сангтуда ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад ва шароит барои баҳрабардорӣ аз он фароҳам ояд ва яке аз харидорони аслии барқи Точикистон дар оянда ҳамин кишвари ҳамсоя хоҳад буд.
Иқтидори нерӯгоҳи Сангтӯда баробар ба 670 мегават аст, ки бо баҳрабардорӣ аз он Тоҷикистон метавонад, қисмати бештари онро ба хориҷ содир кунад. Бар асоси иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳи кишварҳо ба манобеи барқии Тоҷикистон бештар ба арзонии нархи барқ вобаста аст. Дар миёни кишварҳои ҳамсоя, ба монанди Узбакистон, Қазокистон, Қирғизистон ва кишварҳои дигар нархи "Барқи тоҷик" арзон, аз ҷумла дар манотиқи марзӣ ба 0,22 сенти Ийолоти Муттаҳида баробараст. Масалан қиммати барқи Узбакистон наздик ба 2 сент будааст. Бино ба иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон, интизор меравад, мутахассисони Чин 16 май бармегарданд ва хулосаи худро дар мавриди саҳмгузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи барқи Роғун ва Сангтӯда эълон хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG