Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

СБА аз нишондодҳои ахири иқтисодии Тоҷикистон қаноатманд аст

Роҳбари ҷадиди ҳайъати намояндагии Сандуқи Байналмилалии Пул ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди макроиқтисодии Тоҷикистон дар семоҳи аввали соли равон баҳои мусбат дод. Питер Винглӣ роҳбари ҳайъат созмони молиявии мазкур дар Тоҷикистон, ки аз оғози ҳамин моҳ ба фаъолият шурӯъ кардааст, дар хатми дидораш бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, коршиносони ин ниҳоди молӣ аз ҷараёни сиёсати моливу пулӣ ва ба вижа ислоҳоти сохтори идорӣ дар ин кишвар қаноат ҳосил кардаанд. Оқои Венглӣ гуфт, дар дидори аввалини ӯ бо президент Раҳмонов, идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Сандуқи Байналмилалии Пул ҷиҳати иҷрои барномаи давлати Тоҷикистон дар робита ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва ҳамчунин барномаҳои ислоҳоти низоми бонкдорӣ ва маорифи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст: "Мо ҳамчунин бо президент аз ҷараёни татбиқи ислоҳоти замин ва ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон, ки мушкилоти ҳалношуда дар ин замина хеле зиёд аст, сӯҳбат доштем".
Файзулло Холбобоев - мушовири давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури иқтисод - гуфт, бо мусоидати Сандуқи Байналмилалии Пул ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар ба таври қобили мулоҳиза пешрафт кардааст. Ба гуфтаи оқои Холбобоев, аз ҷумла маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон бештар аз 9 фоиз афзоиш кардааст. Ин афзоиш махсусан дар бахши тавлиди маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва хидматрасонӣ ба аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Оқои Холбобоев ҳамчунин афзуд, ки ҳоло ниҳодҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон дар садади таҳияи як барномаи стратегии махсуси бозгардонидани қарзҳои кишвар мебошад. Ҷаноби Холбобоев гуфт, ин барномаи стратегӣ муддати ду моҳи наздик омода хоҳад шуд ва он имкон медиҳад, ки истифода ва бозгардони қарзҳои беруна зери назорат гирифта шаванд.
Питер Венглӣ, раҳбари ҳайъати Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон гуфт, коршиносони онҳо то як ҳафтаи дигар ҳамроҳ бо масъулини ниҳодҳои иқтисоду молия, маориф, кишоварзӣ ва бонкдории Тоҷикистон барои таҳияи барномаҳои фаъолияти ин сохторҳо барои ду соли оянда кумак хоҳанд кард.
Абдуқайюми Қайюмзод аз Душанбе

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Равшанбек Собиров, мансабдори тоҷиктабор дар Қирғизистон, аз мақомаш барканор шуд

Равшанбек Собиров

Равшанбек Собиров, мансабдори тоҷиктабор дар ҳукумати Қирғизистон, аз мақомаш барканор шудааст.

Сомонаи президенти Қирғизистон рӯзи 26-уми сентябр хабар дод, ки Собиров “бо хоҳиши худ” аз мақоми мудири Оҷонси миллии сармоягузорӣ рафт.

Эълони рафтани ӯ пас аз муноқиша дар сарҳад бо Тоҷикистон ва хабарҳо дар мавриди фишор ба тоҷикон дар Қирғизистон нашр шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта аз азияту озори тоҷикон дар Қирғизистон хабар дода буд. Мақомоти Қирғизистон инро рад карда, баръакс, аз фишор ба қирғизҳо дар Тоҷикистон мегӯянд.

Равшанбек Собиров 52-сола аст ва дар оилаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уш ба дунё омадааст. Аз моҳи августи соли 2008 раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистонро ба уҳда дорад.

Ӯ дар соли 2011 нахустин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон буд, вале дар соли 2013 боздошт ва бо ҷурми ришваситонӣ ба зиндон маҳкум шуд. Собиров, ки ҳамеша парвандаашро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва сохаткорӣ донистааст, моҳи марти соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо гардид.

Дар Қазоқистон беш аз 1,5 ҳазор гумонбари ҳодисаҳои январиро афв мекунанд

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 23-юми сентябр дар чаҳорчӯби тарҳи қонуни афви гумонбарон дар ҳодисаҳои моҳи январи ин кишвар санадеро таҳия ва барои баррасии умум пешниҳод кардааст.

Ба иттилои манбаъ, қонуни афв нисбати беш аз 1,5 ҳазор ҳазор сокини Қазоқистон татбиқ хоҳад шуд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи додситонҳои қазоқ, 383 гумонбар ва 1035 айбдоршуда, ки 93 нафарашон ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд, афв карда мешаванд.

Додситонии кулли Қазоқистон пешниҳод кардааст, ҳамаи онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин содир накардаанд, афв шаванд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев қаблан барои иштирокдорони ҳодисаҳои моҳи январ афви якдафъаина ваъда кард. Ӯ низ гуфт, афв ба шаҳрвандоне дахл хоҳад дошт, ки ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла хиёнат ба давлат ва кушиши ғасби қудрат аз роҳи хушунат айбдор намешаванд.

Беш аз 80 ҳазор сокини Бодканд ба хонаҳои худ бармегарданд

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Беш аз 80 ҳазор сокини вилояти Бодканди Қирғизистон, ки дар пайи низои ахири марзӣ бо Тоҷикистон ба ҷои амн кӯчонида шуда буданд, ба хонаҳои худ бармегарданд.

Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, дар умум 136 ҳазору 770 сокини Бодканд ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудааст.

Манбаъ афзуд, ки то имрӯз 1 ҳазору 435 тонна кумаки башардӯстона ба сокинони ин вилоят фиристода шудааст.

Дар натиҷаи низои ахири марзӣ бо Тоҷикистон 613 хонаи шаҳрвандони Қирғизистон осеб дидааст. Мақомоти қирғиз ваъда додаанд, ки ин хонаҳоро дар давоми 2-3 моҳ барқарор мекунанд.

Мақомоти Қирғизистон қаблан хабар дода буданд, ки 16 сентябр дар пайи тирпарронии навбатӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ҳудуди 140 ҳазор сокини вилояти Бодкандро ба ҷои амн кӯчониданд.

Басиҷсозӣ дар Русия меҳмонхонаҳои Тошкандро сермуштарӣ кардааст

Меҳмонхонаи "Узбекистон" дар Тошканд.

Ҳамаи билетҳои парвозҳои мустақим аз шаҳри Москва ба шаҳрҳои Боку, Тошканд ва Ереванд 21 сентябр баъди эъломи президенти Русия Владимир Путин дар бораи басиҷсозӣ харидорӣ шудаанд. Нархи билети парвоз аз Москва ба Тошканд рӯзи 22 сентябр то ба 9 ҳазор доллари амрикоӣ расида буд.

"Агар мехоҳед, аз фурудгоҳи "Внуково" ба Тошканд парвоз кунед, нархи билет 603 ҳазору 50 рубл аст. Довталабони сафар ба Тошканд хеле зиёд аст. Аз субҳ то ҳол беш аз 200 кас барои билет занг задааст", - изҳор дошт блогери узбек Фарҳод Темиртирнаков, ки дар Русия бо фурӯши билет машғул аст.

Арзиши хидматрасонӣ дар меҳмонхонаҳои шаҳри Тошканди Узбекистон ҳам якбора гаронтар шудааст. Дар баъзе аз меҳмонсаройҳо ҳуҷраҳои холӣ намондааст. Корманди яке аз меҳмонхонаҳои Тошканд дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, "ҳама ҳуҷраҳо то охири моҳи сентябри имсол фармоиш шудаанд".

Владимир Путин 21 сентябр фармон дар бораи басиҷсозии низомиро имзо кард. Бино ба фармони имзошуда, шаҳрвандоне басиҷ мешаванд, ки хидмати низомӣ кардаанд. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт, дар маҷмуъ 300 ҳазор низомӣ аз ҳисоби неруҳои захиравӣ басиҷ карда мешаванд.

Навбатпоиҳо барои тарки Русия дар марзи Қазоқистон

Марзи Русия ва Қазоқистон.

Ихтиёриёни ҳаракати минтақавӣ барои ҳарчи зудтар гузаштан аз марзи Русия автобусҳо, таксиҳои дастаҷамъӣ ва ҳатто иҷораи дучархаҳоро ташкил кардаанд.

Бахши тоторӣ-бошқирии Радиои Озодӣ бо истинод ба онҳое, ки марзи Русия ва Қазоқистонро убур мекунанд, навиштааст, "се рӯз мешавад, одамон барои гузаштан аз марзи Русия ва Қазоқистон дар гузаргоҳи "Караозек" дар вилояти Астрахан соатҳо навбат мепоянд".

Дар гузаргоҳҳои марзии Русия бо кишварҳои дигаре, ки бо онҳо низоми бидуни раводид амал мекунад, вазъи ҳамсон мушоҳида мешавад. Ин навбатпоиҳо барои тарки Русия баъди эъломи басиҷсозӣ ба миён омадаанд.

Президенти Русия Владимир Путин 21 сентябр фармон дар бораи басиҷсозиро имзо кард. Бино ба фармони имзошуда, шаҳрвандоне басиҷ мешаванд, ки хидмати низомӣ кардаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон барандаи “King’s Cup 2022” дар Тайланд шуд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии мусобиқаи 48-уми байнулмилалии “King’s Cup 2022” тими миллии Малайзияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:0 (замони асосӣ 0:0) шикаст дод ва барандаи “Ҷоми Шоҳ-2022" шуд.

Мусобиқа шоми 25-уми сентябр дар варзишгоҳи “The 700th Anniversary of Chiang Mai” дар шаҳри Чиангмайи Тайланд ва зери борон гузашт.

Дар нимаи аввали дидор, ки чандон ҷолиб набуд, футболбозони ҳарду даста натавонистанд, маҳорати баланд нион диҳанд ва вазъиятҳои голзаниро ба вуҷуд биёранд. Дар нимаи дувуми бозӣ футболбозони тоҷик фаъол шуданд ва пайваста ҳуҷум мекарданд, вале зарбаҳояшон нишонрас набуд.

Ҳамин тариқ, замони асосии бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид. Барои муайян кардани дастаи ғолиб силсилаи пеналтӣ ё зарбаҳои 11-метрӣ таъйин гардид.

Аз чаҳор зарбаи футболбозони тоҷик сетоашро Ваҳдат Ҳанонов, Комрон Турсунов ва Рустам Соиров ба ҳадаф расонданд. Вале капитани мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Назаров, ки нахустин шуда зарба зад, натавонист тӯбро вориди дарвоза намояд.

Аз се зарбаи футболбозони Малайзия дутоашро дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов баргардонд. Баъди зарбаи сеюми онҳо тӯб ба тири дарвоза бархӯрд.

Ба ин тартиб, маҳорати баланди Рустам Ятимов, ки беҳтарин бозигари ин дидор эътироф шуд, ба мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ овард.

Барои ҷойи сеюм 25-уми сентябр дар Чиангмай, дар варзишгоҳи “The 700th Anniversary of Chiang Mai”, дастаи Тайланд бо тими миллии Тринидад ва Тобаго мубориза бурд. Бозӣ бо пирӯзии мизбонон – футболбозони Тайланд - бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоии ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки рӯзи 22-юми сентябр дар шаҳри Чиангмай баргузор шуд, тими миллии Тринидад ва Тобагоро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва ба финал роҳ ёфт.

Дар маросими супурдани ҷоизаҳо, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ барпо гардид, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Ҷоми Шоҳи Тайланд ва медалҳои тилло мукофотонида шуд. Ба мунтахаби Малайзия медалҳои нуқра ва ба дастаи мизбон – Тайланд – медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.

Ба гуфтаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, иштирок дар “Ҷоми Шоҳ-2022” дар Тайланд як давраи омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 маҳсуб мешуд.

Мусобиқаи байнулмилалии “King’s Cup 2022”

Финал

Малайзия – Тоҷикистон – аз рӯи силсилаи пеналти 3:0 (замони асосӣ – 0:0).

Голҳои мунтахаби Тоҷикистон аз пеналти ё зарбаҳои ёздаҳметрӣ: Ваҳдат Ҳанонов, Комрон Турсунов ва Рустам Соиров.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов (Далер Эмомназаров, 87), Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Комрон Турсунов, 79), Шервонӣ Мабатшоев, Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 79).

25-уми сентябр. Чиангмай, Тайланд. Варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai».

Бозӣ барои ҷойи сеюм

ТайландТринидад ва Тобаго – 2:1

Голҳо: Чанаронг Промсрикаев, 21 (1:0), Критсада Каман, 61 (1:1), Супачок Сарачат, 72 (2:1).

25-уми сентябр. Чиангмай, Тайланд. Варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai».

Дар Русия тақрибан 800 норозии "басичсозӣ"-ро дастгир кардаанд

Маскав, 21-уми сентябри 2022

Дар ҳоле ки тазоҳурот алайҳи “басичсозӣ” дар шаҳрҳои Русия идома дорад, мақомоти он кишвар тақрибан 800 нафарро дастгир кардаанд.

Ба гузориши созмони “ОВД-Инфо”, то 25-уми сентябр дар 33 шаҳри Русия, асосан Маскав, камаш 796 нафар боздошт шудаанд.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар, ки боздошти одамонро дар Русия назорат мекунад, гуфт, баъзе аз онҳо ноболиғ ҳастанд.

Тазоҳурот пас аз эълони қисман сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш бо пуштибонии гурӯҳи мухолифи "Весна" ва тарафдорони сиёсатмадори зиндонӣ Алексей Навалний шуруъ шуд.

Фармони “басичсозӣ”-ро раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 21-уми сентябр имзо кард. Тибқи он барои тақвияти нерӯҳои низомии Русия, ки дар Украина меҷанганд, даъвати 300 000 нерӯи эҳтиётӣ ва ё захиравии Русия пешбинӣ шудааст.

Тасвирҳо дар расонаҳои Русия баёнгари истифодаи зӯр алайҳи норозиён аст. Гуфта мешавад, бисёре аз ҷавонони боздоштшуда барои сабти ном ба хидмати ҳарбӣ даъват шудаанд.

Путин рӯзи 24-уми сентябр ба зидди шаҳрвандони Русия, ки аз фармони “басичсозӣ” сарпечӣ мекунанд ва ё ихтиёрӣ ба нерӯҳои Украина таслим мешаванд, ҷазои сахттар таъин кард.

Мақомоти кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, аз оғози ҷанги беасос дар Украина дар моҳи феврали имсол аз 70 000 то 80 000 сарбозу афсари Русия кушта ва захмӣ шудаанд.

Таркиш дар маркази Бадахшони Афғонистон

Акс аз бойгонӣ

Мақомҳои маҳаллии Толибон рӯзи 25-уми сентябр аз вуқӯи таркиш дар Файзобод, маркази вилояти Бадахшони он кишвар, хабар доданд.

Маъзуддин Аҳмадӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги Толибон дар Бадахшон, рӯзи якшанбе дар паёме ба расонаҳо гуфтааст, як шахси мулкӣ кушта ва се ғайринизомӣ захмӣ шудаанд.

Масъулияти инфиҷорро то ҳанӯз ҳеч гуруҳе ба уҳда нагирифтааст.

Душанбе аз "қатъи муноқиша" хабар дод, Тошиев аз "бардоштан"-и 8 посгоҳ

Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки бо ҷониби Қирғизистон санади "қатъи муноқишаи марзиро" имзо карданд, вале тафсилоташро ошкор накарданд. Вохӯрии ҷонибҳо рӯзи 25-уми сентябр дар гузаргоҳи "Қизилбел" баргузор шуд.

Дар иттилоияи ҷудогонаи ҳукумати Суғд танҳо дар бораи берун бурдани техникаҳои иловагии ҳарбӣ аз марз суҳбат шудааст. Ҷонибҳо рӯзи 19-уми сентябр низ барои берун бурдани нерӯҳои изофӣ ва техникаҳои ҳарбӣ аз марз ба созиш расида буданд, вале маълум нест, чаро иҷро нашуд.

Ҳукумати вилояти Суғд рӯзи якшанбе гуфт, "таъкид карда шуд, ки бояд тамоми техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, ҷонибҳо мушкилоти пешояндаро бо ҳусни тафоҳум ҳал кунанд.”

Илова бар ин, тарафҳо зарур шумурдаанд, ки “мардуми наздисарҳадӣ бояд равуо дошта бошанд ва муносибатҳои дӯстона миёни ду халқ чун пештара ба роҳ монда шавад.”

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон тафсилот надоданд, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ду тараф кори ҳашт посгоҳро дар сарҳад бозмедоранд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, Қамчибек Тошиев дар ин бора 25-уми сентябр ва баъди мулоқоти ҳайатҳои Душанбеву Бишкек дар гузаргоҳи "Қизилбел" ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

Ӯ гуфтааст, бахши аввали санад ба қатъи фаъолияти посгоҳҳое рабт дорад, ки "ҳамеша манбаи низоъ ҳастанд": "Аввал, посгоҳи марзии "Бедак" аз ҷониби Тоҷикистон ва "Тамдиқ" аз тарафи Қирғизистон. Дар онҷо на сарбозон хоҳанд буд, на мардуми одӣ. Дувум, посгоҳи "Булоқбошӣ" аз Қирғизистон ва посгоҳи "Кех" аз Тоҷикистон. Сипас гузаргоҳи "Қарочиқум" ва "Шаршен" аз Тоҷикистон ва "Катта-Туз" ва "Дача" аз Қирғизистон."

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора шарҳе надодаанд.

Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.

Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.

Дар даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам мекунанд.

Ҳамлаи нерӯҳои Эрон ба пойгоҳи "як гуруҳи ҷангҷӯ" дар Ироқ

Нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон

Ба хабари расонаҳои Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи 24-уми сентябр ба пойгоҳи як “гурӯҳи ҷангҷӯ” дар шимоли Ироқ ҳамла кардааст.

Хабаргузории расмии ИРНА гуфт, ҳамлаи нерӯҳои заминии Сипоҳ аз вилояти Озарбойҷони Ғарбӣ ва бо истифода аз тӯпхонаҳо сурат гирифт.

Хабаргузории "Тасним", вобаста ба Сипоҳ, гуфтааст, нерӯҳои Эрон пойгоҳи гурӯҳи ҷудоиталаби курдро дар шимоли Ироқ заданд.

Дар гузориш омадааст, ҳамлаҳои Сипоҳ дар ҷавоб ба ҳимояти гурӯҳи ҷудоихоҳ аз нооромиҳои охир дар Эрон ва ҳамчунин талоши ворид кардани силоҳ ба ин кишвар будааст.

Эрон дар робита ба марги Маҳсо Аминӣ аз 17-уми сентябри имсол бо эътирозҳо ва нооромиҳо рӯ ба рӯ аст. Аминии 22-сола пас аз боздошт аз сӯи пулиси ахлоқи Теҳрон ба таври мармуз даргузашт.

Эътирозҳо аввал дар зодгоҳи Маҳсо Аминӣ, вилояти Курдистони Эрон, оғоз ва сипас ба даҳҳо шаҳри ин кишвар паҳн шуд.

Тихановская: “Бе Украинаи озод Беларуси озод нахоҳад буд”

Светлана Тихановская

Раҳбари мухолифини Беларус гуфт, Русия на Беларус ва на Украинаро ҳамчун кишварҳои соҳибистиқлол ҳисоб намекунад ва ду кишвар бояд барои ҳифзи мавҷудияти худ якҷоя мубориза баранд.

Светлана Тихановская пас аз интихоботи баҳсбарангези президентии соли 2020 ба Литва кӯчид. Бисёриҳо ӯро пирӯз мешуморанд, аммо Кумисюни марказии интихобот Александр Лукашенкоро баранда эълон кард.

Тихановская дар мусоҳиба ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфт, "бе Украинаи озод Беларуси озод вуҷуд нахоҳад дошт."

Лукашенко аз ҳампаймони наздики раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин аст ва аз таҷовузи беасоси Маскав ба Украина пуштибонӣ мекунад.

Раҳбари мухолифини Беларус ҳангоми суханронӣ дар ҳошияи иҷлоси Маҷмааи Умумии СММ дар Ню-Йорк гуфт, то даме ки Путин дар қудрат аст, таҳдидҳои амниятӣ ба Украина ва марзҳои ғарбии Беларус хоҳанд монд.

"Ҳеч кишвар намехоҳад, бахше аз империяи дигари Русия бошад. Беларус бахше аз ин мушкилот аст ва ин бӯҳрон бояд ҳал карда шавад," – афзуд ӯ.

Тоҷикистон мехоҳад, узви Шӯрои Амнияти СММ шавад

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон. Маҷамааи Умумии СММ, 24-уми сентябри 2022

Тоҷикистон мехоҳад, барои узвияти муваққатӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милал дар солҳои 2028-2029 номзадии худро пешбарӣ кунад.

Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 24-уми сентябр дар Маҷмааи Умумии СММ хабар дод.

Ӯ далели тасмимро ба “иштироки фаъол дар маъракаҳо ва равандҳои Созмони Милал, инчунин, таҷрибаи беназири сулҳпарварӣ ва дониши амиқ дар бораи Афғонистон” рабт дод.

Маълум нест, ки оё Тоҷикистон ба ин хостааш хоҳад расид ё не. Созмонҳои байнулмилалӣ солҳои охир Тоҷикистонро барои нодида гирифтани саҳми як ҷониби сулҳ дар кишвар танқид мекунанд.

“Тоҷикистон ҷиддан муътақид аст, ки давлатҳои хурд низ бояд имкони бештаре дошта бошанд, то ҷиҳати дарёфти роҳҳалҳо барои масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният саҳмгузор бошанд,” – афзуд Сироҷиддин Муҳриддин.

Дипломати баландпояи тоҷик гуфт, бесаброна мунтазири ҳамкории зич бо ҳама кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд, “то эътимод ва дастгирии заруриро барои ин корзори басо муҳим ба даст оранд”.

Шӯрои Амният яке аз аркони Созмони Милал аст ва вазифаи посдорӣ аз амният ва сулҳи байнулмилалиро бар уҳда дорад. Ба узвияти Шӯрои Амният 15 узв, панҷ узви доимӣ ва даҳ узви муваққатӣ, шомиланд.

Зеленский ба мардуми Русия: "Даъватномаро ба артиш нагиред"

Владимир Зеленский

Президенти Украина, Владимир Зеленский, дар пайванд ба фармони "басичозӣ" дар Русия бори дувум ба забони русӣ ва ба шаҳрвандони он кишвар муроҷиат кард.

Ӯ ба мардуми Русия тавсия дод, ки бо ҳар роҳе аз рафтан ба артиш худдорӣ кунанд. "Аз онки дар замини бегона ҳамчун ҷинояткори ҳарбӣ бимиред, беҳтар аст, даъватномаро нагиред," – афзуд ӯ.

Раиси ҷумҳури Украина аз онҳое, ки аллакай ба артиши Русия бурда шудаанд, хост, худро таслим кунанд ва ба онҳо муносибати хубу мутамаддинро ваъда дод.

"Басичсозӣ" дар Русия рӯзи 21-уми сентябр эълон шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, қисме аз нерӯҳои эҳтиётиро ба артиш хоҳанд бурд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 24-уми сентябр қонунеро имзо кард, ки барои ихтиёрӣ таслим шудан то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Зеленксий ва раҳбарони дигари Украина таъкид мекунанд, ки фармони "басичсозӣ" дар Русия стратегияи Киевро барои пирӯзӣ дар ҷанг дигар намекунад.

Артиши Украина гуфт, Русия ҷануби ин кишварро тирборон кард

Украина. Ҳамлаи мушакӣ

Дар ҳоле ки чор минтақаи қисман ишғолкардаи Русия ба ҳамапурсии сохта барои пайвастан ба Маскав идома доданд, Русия ҷануби Украинаро тирборон кардааст.

Артиши Украина рӯзи 25-уми сентябр гуфт, дар 24 соати гузашта ба ҳадафҳои низомӣ ва ғайринизомӣ дар ҷануби ин кишвар, аз ҷумла 35 шаҳрак, даҳҳо ҳамлаи мушакӣ ва ҳавоӣ анҷом шуд.

Ҳамапурсие, ки Украина, Ғарб ва Созмони Милали Муттаҳид ғайриқонунӣ ва қалбакӣ медонанд, то 27-уми сентябр идома хоҳад кард.

Овоздиҳӣ дар минатқаҳои зери назорати Русия дар вилоятҳои Луҳанск, Донетск, Херсон ва Запорожйеи Украина ҷараён дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар аввали ҳафта раиси ҷумҳури Русия дар бораи қисман басичсозии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш фармон дод.

Бар асоси он, метавонанд, садҳо ҳазор сарбози навро ба ҷанги зидди Украина, ки Маскав дар моҳи феврали имсол оғоз кард, бифиристанд.

Даъват пас аз он сурат гирифт, ки нерӯҳои Русия дар шарқи Украина талафоти зиёд доданд. Киев ба ҳамлаи ҷиддии ҷавобӣ шуруъ кард.

Мақомоти Украина гуфтанд, то анҷоми райъдиҳии сохта мардум иҷозаи берун рафтан аз қаламравҳои ишғолкардаи Русияро надоранд. Гурӯҳҳои мусаллаҳ вориди хонаҳо шуда, мардумро ба овоздиҳӣ маҷбур мекунанд.

"Қассоби Мариупол" муовини вазири дифои Русия шуд

Дмитрий Булгаков аз соли 2008 дар мақоми муовини вазири дифоъ кор кардааст

Вазорати дифои Русия рӯзи 24-уми сентябр гуфт, ки муовини вазир Дмитрий Булгаков “бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштан” аз ин мақом сабукдӯш мешавад. Ба ҷои ӯ ба ин мақом генерал-полковник Михаил Мизинтсев таъин шуд, ки пештар дар мақоми раиси Маркази назорати дифои миллии Русия кор мекард.

Низомиёни украинӣ гуфтанд, ки Мизинтсев раҳбарии ҳуҷум ба бандарҳои баҳри Азови Украинаро дар Мариупол ба ӯҳда дошт ва дар он ҷо лақаби “қассоби Мариупол”-ро гирифт. Мариуполро Русия дар охири моҳи май ишғол кард ва аксар қаламравҳои ин шаҳрро ба харобаҳо табдил дод ва ҳазорҳо сокинони мулкӣ кушта шуданд.

Дар ин охирҳо раҳбарияти низомии таҳти раёсати вазири дифоъ Сергей Шойгу, ки аз доираи наздик ба Кремлин дониста мешавад, мавриди интиқод аст. Тахминан ду ҳафта пеш артиши Русия аз минтақаҳои шарқии Харкиви Украина ронда шуд.

34 кушта. Раисӣ гуфт, бо мухолифони низоми Эрон "қотеона амал кунанд"

Теҳрон, 21-уми сентябр

Президент Иброҳим Раисӣ рӯзи 24-уми сентябр гуфт, ки Эрон “бояд бо онҳое, ки зидди амният ва оромии кишвар баромад мекунанд, қотеона амал кунад”. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки матбуоти давлатӣ навишт, дар эътирозҳои як ҳафтаи ахир бо сабаби марги духтари 22-солаи боздоштшуда барои ҳиҷоби нодуруст 35 нафар кушта шуд. Раисӣ ин суханҳояшро зимни як сӯҳбати телефонӣ бо оилаи ходими амнияти дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ кушташуда баён кардааст.

Эътирозҳову раҳпаймоиҳо аз он ҷо шурӯъ шуд, ки рӯзи 16-уми сентябр се рӯз баъди боздошти полиси ахлоқ барои гӯё нодуруст пӯшидани ҳиҷоб Маҳсо Аминии 22-сола бо нишонаҳои латукӯбу шиканҷа даргузашт. Эътирозҳо аз зодгоҳи духтар – вилояти Курдистон шурӯъ шуда ба дигар минтақаҳои кишвар то Теҳрон паҳн шуд. Рӯзи 23-юми сентябр мақомот ба кӯчаҳо тарафдорони режими исломиро бароварданд. Рӯзи 24-уми сентябр хадамоти иктишофии Эрон иддао кард, ки аз чандин нақшаи таркиши бомба дар ҷараёни эътирозҳо пешгирӣ кардааст. Иддао мешавад, ки ин нақшаро собиқ тарафдорони шоҳ ва ниманизомиёни сокини Табрез ташкил карданӣ буданд, вале санҷидани дурустии ин иддао тавассути манобеи мустақил имон надорад.

Фаъолон мегӯянд, ки Аминӣ дар идораи полис аз сараш зарба хӯрдааст, вале полис инро рад мекунад. Аҳмад Ваҳидӣ, вазири корҳои дохилии Эрон рӯзи 23-юми сентябр гуфт, ки “таҳқиқи тиббию судӣ нишон дод, ки латукӯб ҷой надошт”. Қаблан полис гуфт, ки ин духтар аз сактаи қалбӣ даргузашт, вале наздиконаш бо ишора ба захмҳои сангини бадани духтар ба шиканҷа шудани ӯ пойфишорӣ мекунанд.

Қирғизистон аз афзоиши қурбониҳои муноқишаи марзӣ гуфт

Тоҷикистон Қирғизистонро дар ҳамлаи дроне ба масҷиди деҳаи Овчӣ Қалъача гунаҳгор кард, ки боиси марги беш аз даҳ нафар шуд. Қирғизистон ин иттиҳомро шарҳ надод

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки шумори қурбониёни муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон дар ин кишвар то 62 нафар афзудааст. Дар ин бора рӯзи 24-уми сентябр Вазорати беҳдошти Қирғизистон хабар додааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани 41 нафар гузориш дода, рӯйхати пурраи қурбониёнро надоданд. Вале Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ, хешовандон, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти маҳаллӣ то ин дам номи 70 нафареро гирд овард, ки ҳангоми даргириҳои мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон кушта шудаанд. Ин рӯйхат ғайрирасмӣ аст ва ниҳоӣ нест. Дар миёни қурбониҳои муноқишаи хунин аз ҳарду тараф кӯдакон ҳам ҳастанд.

Рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди муноқишаи мусаллаҳонаи бесобиқае шуд, ки дар сар задани он ва истифодаи силоҳҳои сангини низомӣ ҳарду тараф ҳамдигарро айбдор карданд. Бар асоси протоколи хатми низоъ дар марз, ки 19-уми сентябр имзо шуд, мақомоти ду ҳамсоя ӯҳдадор шуданд, ки шартҳои сулҳро риоя кунанд. Равобити сиёсиву маишии байни ду ҳамсоя, ки 970 км марзи муштарак доранду беш аз нисфи он аломатгузорӣ нашудааст, мушкил ва печида боқӣ мемонад.

Мавҷи эътирозҳо дар Эрон баъд аз марги Маҳсо Аминӣ

Эътирозҳо на танҳо дар дохили Эрон, балки дар хориҷа, аз ҷумла дар Туркия ҳам барпо мешаванд. Дар акс Маҳсо Аминӣ

Дар муқобили мавҷи эътирозҳои мардумие, ки баъди даргузашти хушунатбори духтари 22-солаи эроние дар полис барои гӯё ҳиҷоби нодуруст буруз кард, ҳукумат раҳпаймоиҳои тарафдорони низомро дар шаҳру манотиқи Эрон ташкил кард. Хабаргузории давлатии ИРНА гуфт, ки мардуми рӯзи 23-юми сентябр ба хиёбонҳо баромада зидди “таҳқири Қуръон, оташ задани масҷидҳо ва ҳам вайрон кардани қоидаи пӯшидани либоси исломӣ” шиор мезананд.

Ин нафарон эътирозгарони зиддидавлатиро чун “сарбозони Исроил” маҳкум карданд. Онҳо инчунин шиорҳои “марг ба Амрико” ва “марг ба Исроил”-ро ба забон меоварданд, ки як одати маъмулии рӯҳониён дар таҷаммӯъҳои давлатии Эрон мебошад. Қаблан мақомот дар Эрон таҳдид карданд, ки ба “душманон” муқовимат мекунанд. Ин ишора ба садҳо ҳазор эътирозгарони марги пурхушунати Маҳсо Аминӣ дар ҳодисаҳои 16-уми сентябр аст, ки баъди боздошт шуданаш аз ҷониби полиси ахлоқ бо иттиҳоми “ҳиҷоби нодуруст” бо захмҳои шадиде дар бемористон ҷон дод.

Полис иддао кардааст, ки ӯ аз сактаи қалбӣ даргузашт, вале фаъолон полисро дар шиканҷаи ин духтар айбдор мекунанд, ки боиси марги ӯ шудааст. Эътирозҳо аз зодгоҳи Маҳсо Аминӣ дар вилояти Курдистон шурӯъ шуда ба дигар қисматҳои Эрон доман паҳн кард ва ба Теҳрон ҳам расид.

Марги Аминӣ боиси баландтар садо додани даъватҳо ба бекор кардани қоидаи ҳиҷобпӯшии занҳо ва ҳам манъи кори полиси ахлоқ шуд. Дар видеоҳое, ки сокинони Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд, саҳнаҳои эътирози занону духтарон аз роҳи оташ задани ҳиҷобҳояшон нашр мешавад. Бархе эътирозгарон ба хатми режими исломӣ дар Эрон даъват мекунанд.

Муфаттишони СММ дар ҷанги Украина ҷиноятҳои ҷангиро сабт кардаанд

Эрик Мосе, раиси Комиссиюни муфаттишон оид ба Украина

Муфаттишони СММ ба хулосае омаданд, ки дар Украина дар давоми ҳуҷуми бедалели Русия ба хоки ин кишвару ишғоли қаламравҳояш ҷиноятҳои ҷангии мисли бомбгузории минтақаҳои аҳолинишин, қатлҳои худсарона, шиканҷа ва таҷовузҳои ваҳшатнок содир шудааст.

Эрик Мосе, раиси Комиссиюни муфаттишон оид ба Украина зимни суханрониаш дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева рӯзи 23 сентябр гуфт, ки бар пояи маълумоти бадастомада “ба хулосае омадем, ки дар Украина ҷиноятҳои ҷангӣ содир шудаанд”. Кори комиссиюн моҳи май шурӯъ шуд ва вазифааш ҳам таҳқиқу арзёбии қонуншиканиҳои давраи ҷанг дар Украина буд, ки 24-уми феврали имсол баъди ҳуҷуми Маскав ба Украина шурӯъ шуд.

Дар ҷараёни корҳои тафтишотии мутахассисони СММ, аз ҷумла бо нафароне ҳам сӯҳбатҳо шудааст, ки дар боздоштгоҳҳои таҳти наари артиши Русия нигароҳдорӣ шудаанд ва бисёри онҳо гуфтанд, ки латукӯб ва бо барқ шиканҷа ва зӯран лучи модарзод шудаанд.

Тими муфаттишон инчунин дар бораи қатлҳои худсаронаву ваҳшиёна дар минтақаҳои Киев, Черниҳив, Харкив ва Суми ҳам далел овардааст, ки муддате таҳти ишғоли русҳо буданд. Дар миёни қурбониёни ҷиноятҳои шаҳвоние, ки сарбозони Русия содир кардаанд, 4 то 82-солаҳо ёд мешаванд.

Навалний: Басичсозӣ ва референдуми сохта "ҷинояти таърихии Путин" аст

Сиёсатмадори зиндонии рус Алексей Навалнийро, ки дар зиндони низомаш сангини вилояти Владимир қарор дорад, аз моҳи август ба ин сӯ бори панҷум ба мӯҳлати 12 рӯз ба утоқи ҷаримавии зиндон фиристоданд. Ба гуфтаи Кира Ярмиш, сухангӯи ин сиёсатмадори мухолифин, Навалнийро як рӯз баъди анҷоми мӯҳлати 15 рӯзи буданаш дар ШИЗО аз нав ба ин утоқи ҷаримавӣ фиристоданд, ки бо шароити сахту сангинаш фарқ мекунад. Раҳбари зиндон ба Навалний рӯирост гуфтааст, ки ин навбат ӯро барои маҳкум кардани маъракаи сафарбарии мардум ба ҷанги алайҳи Украина дар мурофиаи ахири додгоҳӣ ҷазо медиҳад.

Худи Навалний, ки рӯзи 23-юми сентябр дар мурофиаи додгоҳие суханронӣ мекард, гуфт, 12 рӯзи ҷазо барояш дар муқобили сафарбаркунии шаҳрвандони Русия ба қатли мардуми бегуноҳ дар Украина “ҳеҷ аст”. Ӯ гуфт:

“Ин ҷиноят алайҳи кишвари ман аст. Муносибати ман ҳамин аст. Ман хомӯш намешинам ва умедворам, ки онҳое, ки маро мешунаванд, дар ин замина хомӯш нахоҳанд буд. Чунки коре, ки ҳоло мегузарад, аз 12-у 120 рӯзи ШИЗО ҳам бадтар аст. Ин ҷинояти таърихӣ аст, ин шарики ҷинояти Путин шудани садҳо ҳазор нафар аст. Мисле, ки мафия мекунад, бо ин сафарбаркуниву референдумҳои тақаллубӣ дасти садҳо ҳазор одамро хунолуд ва аз ҳам муттаҳам мекунад”.

Дар мурофиаи додгоҳие, ки феълан ҷараён дорад, Навалний қарори аввали ба ШИЗО бурда шуданаш дар таърихи 12-уми августро ба чолиш кашидааст.

Алексей Навалний аз январи соли 2021 дар пушти панҷара аст ва охирин ҳукмаш 9 соли зиндон бар асоси иттиҳоми тақаллубкорӣ аст, ки худи ӯ онро рад карда дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад.

С.Муҳриддин ва Ҷ.Кулубаев бо муовини Гутерреш вазъ дар марзро баррасӣ карданд

Мавзӯи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҷони беш аз сад нафарро аз ҳарду тараф гирифту даҳҳо нафари дигарро маҷрӯҳ ва бесарпаноҳ гузошт, дар мулоқоти сегонаи вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо ва муовини дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ баррасӣ шудааст.

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар хабарҳои мухтасаре, ки 24-уми сентябр нашр карданд, гуфтанд, ки мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон - Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷеенбек Кулубаев бо Розмари Анн ДиКарло, муовини Антонио Гутерреш дар масоили сиёсӣ рӯзи 23-юми сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 77-уми СММ дар Ню-Йорк баргузор шуд. ВКХ Тоҷикистон гуфт, “ширкатдорони ин мулоқот дар бораи вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар ва омодагии худро барои идомаи музокирот ба хотири ҳалли сулҳомези масъала баён карданд”.

Ҳарду сохтори дипломатӣ навиштанд, ки дар ҷараёни ин мулоқот ба зарурати иҷрои шартҳои протоколи рӯзи 19-уми сентябр миёни ду кишвар имзошуда таъкид гардид.

Ба расонашиноси тоҷик иҷозаи вуруд ба Қирғизистон дода нашуд

Акси Тимур Тимерханов аз саҳифаи фейсбукии Азия-Плюс

Тимур Тимерханов, як рӯзноманигор ва расонашиноси тоҷикро иҷозат надоданд, ки ба Қирғизистон ворид шавад. Тимерханов мегӯяд, шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дорад ва 21 сентябр бо шиносномаи русӣ аз Санкт-Петербург ба Бишкек сафар карда буд.

Тимур Тимерханов ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ба хотири онки дар шиносномаи русиаш ҷойи таваллуд Тоҷикистон нишон дода шудааст, ба ӯ иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро надоданд.

“Вақте диданд, ки дар шиносномаи зодгоҳи ман Тоҷикистон навишта шудааст, дарҳол пурсиданд, ки "оё душаҳрвандӣ дорам"? Ман тасдиқ кардам. Сарҳадбонон шиносномаи тоҷикии маро пурсиданд ва онро пешниҳод кардам. Онҳо ба тафтиши шиноснома сар карданд ва ин кор бисёр тӯл кашид. Муддати дароз ба ман нафаҳмонданд, ки барои чӣ маро нигоҳ доштаанд. Аввал маро дар ошёнаи якуми терминал нигоҳ медоштанд, баъд ба ошёнаи дуюм бароварданд. Мегуфтанд, ки "мунтазир бош". Ин кор қариб 4 соат давом кард,” - гуфтааст Тимур Тимерханов.

Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, як рӯз дар фурудгоҳи “Манас” истод ва дар ин муддат барояшон обу ғизо надоданд. Ба гуфтаи Тимур Тимерханов, ӯ бо хатсайри ширкати “Уралские авиалинии” ба Бишкек омада буд ва парвози навбатии ин ширкат ба Санкт-Петербург рӯзи 24 сентябр буд. Тимерханов мегӯяд, ӯ наметавонист чор рӯз дар фазои бастаи фурудгоҳ истад ва ба ин хотир маҷбур шуд аз ҳисоби худ билет харида, ба Маскав парвоз кунад. Ба гуфтаи ин рӯзноманигор, ӯ бо кори шахсиаш барои 6 рӯз ба Қирғизистон омада буд.

Қирғизистон моҳи майи соли гузашта баъди як муноқиша дар сарҳад, марзҳои худро ба рӯи Тоҷикистон баст. Баъд аз ин қарор шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои кишвари ҳамсоя ба мушкил дучор шуданд. Аз ҷумла, 25 майи соли гузашта як ҳавопаймои "Сомон Эйр" наздик ба дусад нафарро ба Бишкек бурд, вале пас аз чаҳор соати интизорӣ бо мусофиронаш дубора ба Душанбе баргашт. Ин мусофирон, ба гуфтаи худашон, бояд аз Бишкек ба шаҳрҳои Русия парвоз мекарданд.

Равобити Душанбе ва Бишкек дар як соли ахир пурмушкил шудааст. Далели тира шудани равобити Тоҷикистону Қирғизистон сар задани муноқишаҳои пайиҳам дар марзи ду кишвар гуфта мешавад. Аз ҷумла дар даргирии рӯзҳои 14-17 сентябр аз ҳарду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Ҳарду тараф якдигарро дар ин кор гунаҳкор мекунанд.

Қазоқистон афзоиши сафари хориҷиҳо ба ин кишварро тасдиқ кард

Хадамоти марзбонии Қазоқистон мегӯяд, рӯзҳои ахир шумори шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд аз Русия ба ин кишвар ворид шаванд, афзоиш ёфтааст.

"Ба далели афзоиши шумори мусофирон ва теъдоди мошинҳо дар гузаргоҳҳо ҷамъшавиҳо ба назар мерасад. Вазъ таҳти назорати махсус аст", - афзудааст манбаъ.

Ба иттилои хадамот, 30 нуқтаи қабули мошинҳо дар гузаргоҳҳои Қазоқистон ба таври муқаррарӣ фаъолият мекунанд.

Хадамоти марзбонии Қазоқистон афзуда, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти салоҳиятдори дигари давлатӣ “амнияту риояи қонунҳоро дар гузаргоҳҳои марзӣ” таъмин ва бо Идораи марзбонии Русия низ ҳамкорӣ менамоянд.

Тибқи омори Вазорати умури дохилии Қазоқистон, аз аввали имсол 4,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ вориди ин кишвар шудааст ва аз ин миён, 1,6 миллиони онҳоро русиягиҳо ташкил медиҳанд.

Мирзиёев гуфт, ба хориҷ газ намефурӯшем. Чин гуфт, мефурӯшанд

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 22 сентябр дар мулоқот бо фаъолони вилояти Тошканд гуфт, содироти газу пахтаро қатъ кардаанд.

"Мо дар ҳоли ҳозир пахта ва газро ба хориҷ содир намекунем. Ҳатто газро аз хориҷа мехарем. Сабаб дар он аст, ки саноати мо тараққӣ мекунад. Ҳаҷми содироти мо бо вуҷуди фурӯхта нашудани ин ду маҳсулоти асосӣ ба хориҷ назар ба соли 2016 панҷ ё шаш баробар афзудааст, "- иқтибос овардааст хабаргузории "Kun.uz" аз суханони Мирзиёев.

Расонаҳо бо истинод ба гузориши Идораи гумруки Чин аз 20 июли имсол хабар дода буданд, ки Узбекистон дар шаш моҳи соли равон ба он кишвар ба маблағи 404 миллион доллар гази табиӣ фурӯхтааст. Ба гуфтаи мақомоти Чин, ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар бештар аст.

Зодагони Осиёи Марказиро ба артиши Русия ҷалб карданианд

Зодагони Осиёи Марказӣ, ки давоми 10 соли охир шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, эҳтимол аст, дар доираи фармони сафарбаркунӣ ба артиш ба адои як соли хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳи он кишвар муваззаф шаванд.

Узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Кирилл Кабанов гуфт, дар ин бора аллакай пешниҳоде омода шудааст.

Ба гуфтаи Кабанов, муҳоҷирони Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки шаҳрвандии Русияро доранд, дар сурати саркашӣ аз хидмат шаҳрвандии онҳо ва аъзои хонаводаҳояшон бекор карда мешавад.

Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ахиран дар пайи фармони президенти Русия Владимир Путин дар бораи сафарбаркунӣ аз шаҳрвандони худ даъват карданд, ки дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ширкат накунанд, чун ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG