Мақомоти Русия барои таслим додани 4000 нафар тоҷикони зиндонӣ ба мақомоти Тоҷикистон, ризоият дод. Ба шарте, ки маҳкумшудагон ҳукми додгоҳи Русияро дар зиндонҳои Тоҷикистон пурра ба сар баранд. Тарҳи шартнома дар дастгоҳи раёсати ҷумҳури Русия таҳти омузиш қарор дорад ва қарор аст, дар рузҳои наздик ба Думаи давлатӣ барои тасвиб ирсол шавад. Ин шартнома аз суи парлумони Тоҷикистон як сол пеш ба имзо расида буд.
Абдуманнон Холиқов, муовини Кумитаи қонун ва ҳуқуқи башар дар парлумони Тоҷикистон, бо эъломи ин матлаб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод, шумораи тоҷикон дар зиндонҳои Русия то ин замон беш аз 3000 гуфта мешуд, вале маълум шуд, шумораи онҳо аз 4000 зиёдтар будааст.
Намояндаи парлумони Тоҷикистон тавзеҳ кард, ба иловаи он, ки маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои кишвари дигар гирифтори душвориҳои дурӣ аз ватан ҳастанд, пайвандон ва наздикони онҳо низ ба сабаби дурии роҳ аз ҳоли онҳо бехабар ҳастанд. Ба ҳамин хотир, парлумони Тоҷикистон санади марбутаро ба имзо расонид ва дар ҷараёни боздиди Комиссияи байнипарлумонӣ аз мақомоти Русия хоста шуд, ки дар ҳалли ин мушкил мусоидат намояд.
Муовини раиси Кумитаи қонун ва ҳуқуқи башар, ҳамчунин хабар дод, вазорати адлияи Русия феҳристи ҳамаи тоҷикони зиндониро ба ҷониби Тоҷикистон ироа кард. Пас аз тасвиби санади марбута дар Думаи давлатии Русия истирдоди зиндониён метавонад шуруъ шавад, вале он ҳам бо судури ҳукми додгоҳи Русия. Таслим додан ва ё надодани ин ё он зиндонии мушаххас ҳам дар салоҳдиди додгоҳи Русия мебошад.
Масъалаи истирдоди тоҷикони зиндонӣ аз маҳбасҳои Русия ба ҳабсхонаҳои Тоҷикистон яке аз ҳафт мавзуъи матраҳ дар ҷаласаи дуввуми Комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия, рузи 27 апрел дар Маскав буд.
Муҳаммадраҳими Сайдар