Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми солонаи президент Раҳмонов ба парлумон ва мардуми Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, гуфт давлаташ тасмим дорад иҷрои ҳукми эъдомро ба сурати муваққат мамнуъ ё мораторий эълон кунад. Оқои Раҳмонов гуфт, дар муддати чор соли охир дар Тоҷикистон моддаҳои Қонуни Ҷиноӣ, ки ҳукми қатлро пешбинӣ мекард, аз 44 то ба 5 маврид коҳиш дода шудааст. Ва омодасозии аснод ҷиҳати комилан иҷро накардани ҳукми қатл оғоз хоҳад шуд: "Бо мақсади таҳияи санадҳои меъёриву ҳуқуқии дахлдор, гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, дар муҳлати кутоҳтарин бояд санадҳои заруриро омода гардонад."
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба масоили сиёсати дохили кишварӣ дахл карда ва аз ҷараёни кунди амалӣ шудани барномаи фақрзудоӣ ё паст кардани сатҳи камбизоатӣ изҳори нигаронӣ ва аз камфаъолиятии амалдорон дар ин замина интиқод кард. Эмомалӣ Раҳмонов, аз ҷумла кормандони масъули идораҳо ва мақомоти маҳаллиро дар ғайримақсад истифода кардани воситаҳои молии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ низ муттаҳам кард.
У гуфт: "Ба куҷо сарф шуда истодааст. Маблағ набошад, мегуем, маблағ нест, маблағ агар пайдо шавад, мебахшед камтар дағал ҳам шавад, истифодабарии онро сарфаҳм намеравем. Сарфаҳм равем ҳам дар бисёр ҳолатҳо ба манфиатҳои шахсӣ."
Эмомалӣ Раҳмонов инчунин ба зарурати ислоҳоти низоми бонкдорӣ ва ислоҳоти замин таъкид кард ва гуфт, умдатарин мушкилоте, ки дар соҳаи бонкдорӣ мавҷуд аст, истифода аз пули нақд ба ҷои воситаҳои ғайринақдӣ ва инчунин адами эътимоди мардум ба бонкҳо мебошад, зеро худи бонкҳо нишон додаанд, ки устувори молии нокифояе доранд. Дар бораи ислоҳоти замин гуфт, тақсимоти ноодилонаи замин аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ боиси норизоятии мардум аз ислоҳоти замин шудааст.
Аммо боз ҳам мушкиле, ки бештар аз дигарон садди роҳи пешрафт ва тараққӣ мешавад, гуфт у, афзоиши ришвахорӣ ва ё коррупсия мебошад. Ба ақидаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ин зуҳурот монеъи пешрафти аксари бахшҳои кор шудааст. У ба таври мушахасс аз ҷой доштани ришвахорӣ ва фасод дар миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба вижа Бозрасии давлатии автомобилӣ марбут ба вазорати дохила ном бурд:"Ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ дар ҳар шакл махсусан кормандони бозрасӣ, худо мегуянд, ки аз ҷониби президент ва ё вазир як супориш шавад. Ба ин ҳодисаҳои номатлуб бояд хотима бахшид."
Раиси ҷумҳур билохира мавридҳои таъқиб шудани сарбозони мухолифин аз ҷониби нируҳои интизомиро таъйид кард, вале гуфт, ин кор бар хилофи Қонуни афв аз ҷониби унсурҳои ҷудогона дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба манзури ришваситонӣ сурат гирифтааст. Раиси ҷумҳур аз додситони кулл даъват кард, то иҷрои Қонуни афвро ҷиддан таъқиб кунад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар изофаи ин даст доштани кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар қочоқи маводи мухаддирро низ зикр кард.
Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, фурсати он фаро расидааст, ки кормандони мақомоти интизомӣ ва амниятӣ, хусусан кормандони идораи бозрасии автомобилӣ ихтисор шаванд ва бо сарфа намудани малбағ дар ин бахшҳо сафи нируҳои марзбонӣ комил гардонида шавад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон баёни ин матбалро ба унвони нуктаи гузор ба бахши дигари паёмаш ба кор бурд ва гуфт, дар ҳар сурат нируҳои марзбонии Тоҷикистон бояд тақвият ёбад. Зеро қарор аст, ҳифозати марзҳои кишвар тадриҷан ва ба таври комил бар души марзбонони тоҷик вогузор шавад. Вале гуфт оқои Рахмонов, омодасозии кардрҳо ба ин манзур кори хеле муҳиме аст ва фурсат металабад.
У гуфт муносиботи Тоҷикистон бо Русия дар тули даҳ соли ахир ҳеҷ гоҳе дучори мушкил нашуда ва ҳамакнун низ сиёсатҳои ду кишвар дар масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамоҳанг мебошад. Аммо дар айни ҳол гуфт у, сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Русия пойинтар аз таввақуъоти ҳар ду ҷониб мебошад. У ҳамчунин аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик дар кишварҳои муштаракулманофеъ ва зуҳуроти навфашистӣ дар ин кишварҳо изҳори нигаронӣ кард ва ба зарурати суръат бахшидани имзои созишномаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирин таъкид варзид.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон инчунин гуфт, бояд ниҳодҳои байналмилалӣ дар таърифи мушаххас додан ба терроризм андеша кунанд. То мушаххас шавад, ки чӣ зуҳуроте терроризм аст.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG