Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ягон террорист таввасути бонкҳои Тоҷикистон сармоягузорӣ накардааст


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рузи 28-уми апрел дар ҷаласаи навбатии худ Конвенсияи байналмилалии мубориза бо маблағгузории терроризмро ба тасвиб расонд. Муҳаммадато Султонов - сухангуи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфт, конвенсияи мазкур аз тарафи вазорати умури хориҷаи кишвар ҷиҳати баррасӣ ва тасвиб ба парлумон пешниҳод шуда буд. Ва Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои узви Созомни Милали Муттаҳид ва Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ бо тасвиби ин санад бори дигар мавқеи худро дар баробари терроризм рушан кардааст: "Дар моддаи шашуми конвенсияи мазкур дарҷ шудааст, ки давлатҳои узви конвенсияи бо тамоми воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла дар ҳолати зарурӣ ба воситаи даровардани тағйирот дар қонунҳои хеш бо ҳамдигар ҳамкорӣ намуда, фаъолияти худро барои пешгирӣ аз ин зуҳурот равона созанд."
Оқои Султонов афзуд, конвенсияи мазкур ҳамчунин имкон медиҳад, ки тавассути тадобири дохилии давлатӣ ба усулҳо ва роҳҳои маблағгузории террористон ва созмонҳои террористӣ монеа гузошта шавад.
Дар ҳамин ҳол коршиносони тоҷик тасвиби санади байналмилалиро аз тарафи парлумон як амали саривақтӣ арзёбӣ карданд.Салмон Ҷалолов, мудири шуъбаи Бонки Миллии Тоҷикистон мегуяд, муассисоти бонкии кишвар ҳамеша зери назорати доимӣ қарор доранд ва аз суи дигар ба далели маҳдудияти имконот, террористон наметавонанд, таввасути ин бонкҳо амалиёт анҷом диҳанд: "Назар ба тафтишоте, ки гузаронида шудааст, то имруз ягон террорист таввасути бонкҳои Тоҷикистон маблағгузорӣ накардааст. Даро куҷое, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мушкил бошад. террористон дар он ҷо маблағгузорӣ нахоҳанд кард, зеро онҳо якҷое мехоҳанд, ки ба истилоҳ "минтақаи оффшорӣ бошад", ҷое, ки мақомоти Интерпол ба онҳо дастрасӣ надошта бошанд, аз тарафи дигар бисёр орому осуда бошанд."
Конвенсияи байналмилалии мубориза бо маблағгузории терроризм моҳи ноябри соли 2001-ум ба думболи ҳодисаҳои 11-уми сентябр пазируфта шудааст. Ҳадафи давлатҳои узви конвенсия пайгирӣ ва муроқибати афрод ва ё гуруҳҳоест, ки барои анҷоми амалҳо ва фаъолиятҳои созмонҳои террористӣ, мустақим ва ё ғайримустақим маблағгузорӣ мекунанд.
Абдуқайюми Қайюмзод
XS
SM
MD
LG