Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷик дигар ба сафи артиши Русия даъват намешаванд


Якуми апрел дар Тоҷикистон мавсими нави даъвати ҷавонон ба сафи артиш оғоз гузошт. Хабаргузории "Интерфакс" мегуяд, дар матни фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон танҳо масъалаи аз суфуфи нируҳои марзбонии Русия мустақар дар Тоҷикистон ҷавоб додани асокири тоҷик сухан рафта, чизе дар бораи даъвати муҷаддади шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи нируҳои низомии Русия гуфта нашудааст. Муовини сарвазири Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров дар ин робита ба ин "Интерфакс" гуфтааст, ки Душанбе ин навбат аз суи марзбонони рус дархости даъвати ҷавонони тоҷикро нагирифтааст. Гуруҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистон мегуяд, ин қарор бар асоси барномаи ба далели ба марзбонони тоҷик вогузор кардани масъулияти назорати қитаъоти нави марз бо Афғонистон буда, такмили нируҳои марзбонӣ дар минтақаҳои марзиии Маскаву Панҷ, ки боз ҳам дар ихтиёри марзбонони Русия боқӣ мемонанд, акнун аз ҳисоби онҳое сурат хоҳад гирифт, ки то ҳол дар манотиқи марзии Хоруғу Қалъаихумб хидмат мекарданд. Қарор аст, то охири соли равон ҳифзи ин ду минтақа пурра ба уҳдаи марзбонони тоҷик гузошта шавад.
Ба ҳисоби "Интерфакс", танҳо дар ҷараёни маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон 7 000 нафар ба сафи артиши ин кишвар даъват шудаанд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG