Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати адлия дархости Ҳизби Тараққиётро рад кард


Вазорати адлияи Тоҷикистон ба дархости Ҳизби Тараққиёт Тоҷикистон ҷиҳати сабти ном билохира расман посухи рад дод. Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як номаи расмӣ унвонии садорати Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон эълон кардааст, ки масъулини ҳизби мазкур зимни омодасозӣ ва пешниҳоди феҳрасти аъзо ва ҷонибдорони худ ба вазорати адлия ба тахаллуф роҳ додаанд. Вазорати адлияи Тоҷикистон роҳбарияти Ҳизби Тараққиётро ба нақзи чанд моддаи Қонуни Асосии Тоҷикистон ва қонуни аҳзоби сиёсӣ муттаҳам намудааст.
Сулаймон Давлатов - сардори раёсати ба қайдгирии аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамьиятии вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба ин ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рафти гузаронидани санҷиш ва суҳбат бо ҷонибдорони Ҳизби Тараққиёт маьлум гардид, ки ёздаҳ нафар аз аъзои дар руйхат пешниҳод шуда, ба Ҳизби Тараққиёт ягон алоқамандӣ надоранд ва гузашта аз ин онҳо дар бораи ин ҳизб низ чизе намедонанд, бо таваҷҷуҳ ба ин мо ба Ҳизби Тараққиёт ҷавоби рад додем.
Аммо Султон Қувват, раиси Ҳизби Тараққиёт посухи деринтизори вазорати адлияи Тоҷикистонро беасос ва ғайриқонунӣ меҳисобад, зеро ба гуфтаи Султон Қувват, вазири адлия Халифабобо Ҳомидов ба худ ҳатто иҷоза
надодааст, ки зери номаи унвонии Ҳизби Тараққиёт ирсол шуда, имзо гузорад.
Вале дар ҳамин ҳол вазири адлияи Тоҷикистон зимни як тамоси телефонӣ аз шарҳи ҷузъиёти номаи ирсолдоштаи вазорат худдорӣ варзид ва гуфт аз қазия дар ин замина хабардор нест. Аз суи дигар Султон Қувват афзуд, ҳизби онҳо барои дарёфти иҷозаи сабти ном як феҳрасти мукаммалро, ки дар он 2100 аз ҷонибдорону аъзои ҳизби мазкур имзо гузоштаанд, дар ихтиёри вазорати адлия қарор додаст. Аз ин теъдод вазорати адлия баёноти беш аз 1800 нафарро гирифтааст. Мақомоти Ҳизби Тараққиёт мегуянд, ихтисори ёздаҳ нафар барои ҷиҳати сабти ном нашудани ҳизб асос буда наметавонад.
XS
SM
MD
LG