Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизб-ут-Таҳрир дар Кулоб фаъолтар мешавад


Дар намози рузи ҷумъа дар масҷиду мадориси шаҳри Кулоб фаъолони Ҳизб-ут-Таҳрир варақаву даъватномаҳои ҳизбро пахш карданд. Дар ин варақаҳо аз мардум даъват мешуд, ки бо сохтори конститусионӣ мувофиқ наоянд ва акнофи идеяи бунёди Хилофати исломӣ дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои мусалмонӣ муттаҳид шаванд.
Як манбаъи ба вазоратҳои қудратӣ наздик ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамингуна варақаҳо шоми рузи ҷумъа дар хонаву ҳаволии чанд корманди вазорати амнияти минтақа низ ширеш шудаанд. Ин манбаъ афзуд, ки тайи рузҳои ахир беш аз 70 тан аз сокинони Кулоб бо иттиҳоми узви Ҳизб-ут-Таҳрир будан, боздошт шудаанд. Дар бастагӣ ба мавзуъ суҳбате доштем, бо Нарзулло Валиев - сарвари идораи амнияти минтақаи Кулоб.
Полковник Валиев дар суҳбати телефонӣ боздошти 70 нафарро такзиб ва хабари аз вазифа барканорсозии Ҳуронбӣ Восиева - муовини раиси шаҳри Кулобро бо ин ҷурм, ки дар хонаи ахирӣ фаъолони Ҳизб-Ут-Таҳрир ҷамъ меомадаанд, таъйид кард: «Хабари боздошти 70 нафар дуруғ аст. Дар Кулоб 22 нафар боздошт шудаанд ва ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушодагианд. Аз инҳо 18 нафар зиндонианд. Ин иттилоъ дар ҳамаи газетаҳо чоп шуд. Варақаҳо воқеан тақсим карданд, ки милиса аъзои Ҳизб-ут-Таҳрирро дастгир кард. Ҳоло вазъ таҳти назорат аст. Чизи ташвишоваре нест. Мардумро ҳукуматҳо дар масҷидҳо ва ҷойҳои ҷамьиятӣ фаҳмонида истодаанд. Вазъият ором аст.»
Ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ оид ба таъсиси ситоди Ҳизб-ут-Таҳрир дар хонаи Ҳуронбӣ Восиева- муовини раиси шаҳри Кулоб ҷаноби Валиев гуфт, ки «Не онҳо ситод ташкил накарда буданд. Ҳуронбӣ Восиева, ки аз вазифа сабукдуш шуд, дар ин хона зиндагӣ намекард. Зеро ин хона таъмир мешуд. Устоҳои хона аъзои Ҳизб-ут-Таҳрир будаанд ва чанд бор дар ин хона вохурдаанд.»
Ба суоли ман, ки « оё дуруст аст, ки дар ин байн як тан аз афсарони полки 149 тонкии Қушуни 201 Русия ҳам бо ҷурми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт шудааст», полковник Валиев гуфт, « ин нафар воқеан дастгир шуд." Аммо у шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки «волнонаемник»-и полки русӣ будааст. Умуман дар байни боздоштшудагон чанд тан узбак аст. Дигарон ҳама тоҷиконанд.»
XS
SM
MD
LG