Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони умури хориҷии НАТО поён меёбад


Имрӯз дар Берлин нишасти дурӯзаи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО поён меёбад. Дар ин нишаст эълон шуд, ки ба хотири баррасии авзоъ дар Либия ҷаласаи муштараки намояндагони аршади Иттиҳодияи Аврупо ва Паймони НАТО баргузор мешавад.

Дар ҷаласаи имрӯза асосан мавзӯъи робитаи НАТО бо Русия, Украин ва Гурҷистон баҳсу баррасӣ хоҳад шуд.

Дар рӯзи аввали нишаст вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО, бо вуҷуди ихтилофашон дар робита ба маъракаи низомии дифоъ аз мардуми осоиштаи Либия, хостори истеъфои Қаззофӣ шуданд.

Дар посух ба ин Ойиша, духтари Қаззофӣ дар як ҳамоиши ҷонибдорони падараш дар шаҳри Триполӣ гуфт, ки "дар бораи истеъфои Қаззофӣ ҳарф задан – ин таҳқири ҳама либиягиҳост. Қаззофӣ на дар Либия, балки дар қалби мардуми Либия аст".

Рӯзи панҷшанбе шӯришиёни Либия хостори ҳамлаҳои бештари ҳавопаймоҳои НАТО ба мавқеъҳои нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG