Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи маргталабона раиси полиси Қандаҳор кушта шуд


Бар асари як сӯиқасд дар ҷануби Афғонистон раиси полиси вилояти Қандаҳор кушта шуд. Дар ин ҳодиса ду корманди полис ҷароҳат бардоштанд.

Ба иттилоъи расмӣ, раиси полис Хон Муҳаммад Муҷоҳид бар асари ҳамлаи маргталабе ба ҳалокат расид, ки бо либоси корманди полис вориди дафтари ӯ шудааст.

Масъулияти ин ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст, ва аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи толибон мекунанд.

Дар Қандаҳор амалиёти муштараки нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО ва артиши Афғонистон алайҳи гурӯҳҳои "Толибон" идома дорад.
XS
SM
MD
LG