Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳо ба нерӯҳои Қаззофӣ шиддат мегирад


Як мақоми расмии давлати Фаронса эълом кард, ки ин кишвар ва Бритониё дар мавриди шиддат бахшидан ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ба нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ ба мувофиқа расидаанд. Ду кишвар мехоҳанд аз ин роҳ ба шӯришиёни Либия кӯмак кунанд, ки талош доранд, ба ҳукумати 43 солаи Муаммар Қаззофӣ дар Либия поён диҳанд. Эъломи мазкур баъди мулоқоти Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё бо Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса дар шаҳри Порис садо дод. Баъди кам кардани ҳузури Амрико дар амалиётҳои ҳавоӣ дар Либия, ҳоло Фаронсаву Бритониё аксаран ба нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ ҳамла мекунанд. Аммо дар ҳафтаҳои гузашта амалиётҳои НАТО на шӯришиёнро дар ин ҷанг дастболо кард ва на ба ҳамлаҳои харобиовари нерӯҳои Қаззофӣ хотима дод. Ирсоли ҷангандаҳои нав ба Либия имрӯз дар нишасти вазирони умури хориҷаи НАТО дар шаҳри Берлин баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG