Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони BRIC дар шаҳри Саняаи Чин мулоқот мекунанд


Раҳбарони панҷ қудрати бузурги дар ҳоли эҳёи иқтисодӣ мавсум ба гурӯҳи БРИК имрӯз дар шаҳри Саняаи Чин мулоқот мекунанд. Бразилия, Русия, Ҳинду Чин ва Африқои Ҷанубӣ шомили ин гурӯҳанд. Чиҳил дар сади аҳолии курраи Замин дар ин кишварҳо зиндагӣ мекунанд ва тақрибан панҷяки тавлидоти нохолиси миллии ҷаҳон ба онҳо рост меояд. Ислоҳоти системаи молии ҷаҳон, тиҷорат, вазъ дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо аз масоили баҳс дар нишаст будааст. Ба ғайр аз Африқои Ҷанубӣ, дигар кишварҳои узви гурӯҳ, ҳамлаи ҳавоӣ ба нерӯҳои Қаззофиро маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG