Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Вазиристони ҷанубӣ 6 ҷангӣ кушта шуданд


Ҳавопаймои амрикоии Predator, ки бидуни сарнишин идора мешавад
Мақомоти Покистон мегӯянд, ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини зоҳиран амрикоӣ дар як минтақаи қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон 6 ҷангиро кушта ба ҷо гузошт. Як мақоми низомӣ бидуни бурдани ном гуфт, дар маҷмӯъ 4 мушак шиллик шуда, як мошини ҳомили ҷангиёнро ҳадаф қарор додааст. Як мақоми дигари амниятии Покистон дар наздикии шаҳраки Ангур-Аддаи Вазиристони ҷанубӣ, воқеъ дар 6-километрии марзи Афғонистон сурат гирифтани ҳамларо таъйид кардааст. Амрико анҷоми ҳамалот бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишинро тасдиқ ё радд намекунад.
XS
SM
MD
LG