Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судури ҳукми боздошти Муборак ва ҳарду фарзанди ӯ


Додситони Миср ҳукми боздошти раиси собиқи ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборакро барои 15 рӯз содир кард. Мубораки 82-сола, бино ба хабарҳо, дирӯз ба сактаи қалб дучор шуда, феълан дар бемористон қарор дорад. Имрӯз Ало ва Ҷамол, фарзандони Ҳуснӣ Муборак, мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, низ барои 15 рӯз боздошт шуданд. Мақомоти Миср мавориди сирқати пул ва сӯъиистифода аз мақом дар даврони 30 соли раҳбарии Муборакро таҳқиқ мекунанд. Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврал таҳти фишори эътирозҳои мардум истеъфо дод. Ӯву аҳли хонаводааш қаблан аз ҳаққи сафар ба хориҷ маҳрум шуда, суратҳисобҳои бонкии онҳо низ баста шудаанд.
XS
SM
MD
LG