Дар Русия алайҳи Николай Михайлов, генерали милиса ва ректори собиқи Донишгоҳи ҳуқуқшиносии шаҳри Барнаул бо иттиҳоми сӯистифода аз мақом парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, мақомот Николай Михайловро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо асноди сохта аз ҳисоби давлат 10 миллион рубл ба даст оварда ва ин маблағи бузургро на барои таълим дар донишгоҳ, балки ҳадафҳои дигар харҷ кардааст. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи якуми апрел Николай Михайлов ва ду генерали дигари русро аз мақомҳояшон барканор кард.