Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Обама ва Конгресс оид ба коҳиши масрафоти буҷа


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва раҳбарони Конгресси кишвар дар мавриди коҳиши масрафоти буҷа ба созиш расиданд.

Хабар дода мешавад, ки ин созиш каме бештар аз як соат қабл аз хатми мӯҳлати расмии сармоягузории муассисаҳои зиёди ҳукуматӣ ҳосил шуд. Дар сурати ноком шудани музокирот тақрибан 800 ҳазор амрикоиҳо маҷбур буданд, ки ба рухсатии бидуни пардохти маблағ раванд.

Бар пояи созиши ҳосилшуда, ҳукумат масрафоти буҷаро 39 миллиард доллар коҳиш медиҳад.

Барак Обама коҳиши буҷаро "дардовар ва аммо ногузир" арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон ӯ гуфт, ки Кохи сафед барои ҳифзи тарҳҳои асосии худ муваффақ шудааст.
XS
SM
MD
LG