Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OSCE барои ислоҳи милисаи тоҷик кӯмак мекунад


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо имрӯз дар шаҳри Душанбе ёддошти ҳусни тафоҳум дар мавриди ислоҳот дар милисаи Тоҷикистонро имзо карданд. Се соли пеш, давлати Тоҷикистон аз ин ниҳоди байналмилалӣ хост, то барои анҷоми ислоҳот дар ниҳодҳои вазорати умури дохилӣ ниёзмандиҳои онро омӯхта ва дар амри анҷоми ислоҳот кӯмак кунад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, мардум дар кишвар ба мақомоти милиса эътимоди зиёд надоранд.
XS
SM
MD
LG