Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии САҲА аз вазъи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Туркия


САҲА аз нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Туркия изҳори нигаронӣ кардааст. Бино ба гузоришҳо, ҳоло дар ин кишвар 57 рӯзноманигор дар зиндон ба сар мебаранд. Дуня Миатович-намояндаи матбуотии САҲА дар эъломияе гуфтааст, тибқи мурофиаҳои додгоҳие, ки идома дорад, мумкин аст аз 700 то 1 000 рӯзноманигор ба зиндонҳо кашонда шаванд. Моҳи гузашта чанд рӯзноманигор барои навиштаҳои худ бар зидди ҳукумати исломгаро зиндонӣ шуданд. Вале ҳукумат иддао дорад, ки ҳеҷ як аз онҳо барои кори рӯзноманигорӣ маҳкум нашудаанд.
XS
SM
MD
LG