Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи обу ҳавои Тоҷикистон барои 5-ӯми апрел


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Душанбе ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво рӯзона то 17 дараҷа гарм, шабона 4-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво тақрибан мисли ҳавои Душабест. Рӯзона то 16 дараҷа ва шабона 4-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар водии Вахш бориши борон дар назар нест. Ҳарорати ҳаво то ба 20 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар минтақаи Кӯлоб низ борон намеборад. Ҳаво рӯзона 17 дараҷа, шабона 5-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хоруғ наздикиҳои бегоҳ борон меборад ва борон тадриҷан ба барф табдил мешавад. Шабона бориш қатъ мегардад. Ҳаво рӯзона 6 дараҷа гарм, шабона то 10 дараҷа хунук мешавад
XS
SM
MD
LG