Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набардҳо барои бандари нафтии Бурайқа дар Либия


Чирикиҳои Либия имрӯз бо нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ барои бандари муҳими нафтии Бурайқа вориди набард шудаанд. Чирикиҳо таҳти ҳимояти ҳамлаҳои ҳавоии байналмилалӣ зоҳиран ба пешрафтҳои хурде даст ёфтаанд.
Чирикиҳои Либия мегӯянд, бо вуҷуди ҳалокати 13 чирикӣ бар асари ҳамлаи ҳавоии шаби ҷумъа ҳамчунон аз амалиёти таҳти фармони НАТО алайҳи Қаззофӣ пуштибонӣ мекунанд. Нирӯҳои Қаззофӣ имрӯз низ ба бомббори Мисрота, бузургтарин пойгоҳи чирикиҳо дар ғарби Либия, идома додаанд. Режими Қаззофӣ пешниҳоди чирикиҳо барои оташбасро радд кардааст.
XS
SM
MD
LG