Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 марзбони эронӣ дар Курдистон


Маривон дар харита
Бар асари ҳамла ба як посгоҳи марзӣ дар вилояти Курдистон 4 марзбони эронӣ кушта шуданд. Иззатуллоҳ Рашидиён, фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ дар Курдистон ба хабаргузории нимарасмии “Меҳр” гуфт, рӯзи ҷумъа бар асари ҳамлаи хумпора дар посгоҳе дар шаҳри Маривон се сарбоз ва як мақоми марзбон ҷон бохта, 5 тани дигар захмӣ шудаанд. То ҳол ягон гурӯҳи масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, вале бархе расонаҳои эронӣ ангушти иттиҳом ба сӯи гурӯҳи ҷудоихоҳи ПЕЖОК(Ҳизби ҳаёти озоди Курдистон) баланд мекунанд.
XS
SM
MD
LG