Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати фаъоли мардум дар интихоботи Қазоқистон


Мақомоти интихоботии Қазоқистон мегӯянд, алакай то зӯҳри имрӯз 66 дарсади мардуми воҷиди шароити раъй дар интихоботи пеш аз вақти раёсати ин ҷумҳурӣ ширкат кардааст, ки ин назар ба мизони мушорикати мардум дар интихоботи соли 2005 бештар аст. Аммо интихоботи имрӯза бештар ба як расмият мемонад, ки зоҳиран ин навбат ҳам боз як давраи панҷсолаи раҳбариро дар ихтиёри раҳбари кунунии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хоҳад гузошт. Назарбоеви 70-сола, ки 22 сол боз бар Қазоқистон ҳукумат меронад, имрӯз гуфт, ин маърака ваҳдати Қазоқистон ва азми мардум барои суботу дӯстиро таҳким хоҳад бахшид. Ҳеҷ кадом аз се номзади дигар тавони рақобат бо Назарбоевро надоранд. Яке аз онҳо – Мелс Елеусизов ҳатто эътироф кард, ки худи ӯ ҳам ба Назарбоев раъй додааст. Мухолифин ба таҳрими интихобот даъват кардаанд.
XS
SM
MD
LG