Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Туркия бо шӯришиёни курд задухурд карданд


Мақомоти Туркия мегӯянд, рӯзи ҷумъа нируҳои ин кишвар дар наздикии марз бо Сурия бо шӯришиёни курд вориди даргирӣ шудаанд. Дар ду даргирии алоҳида 7 шӯришӣ кушта, се сарбози турк захмӣ шудаанд. Дар давоми шаш моҳи ахири оташбас бо шӯришиёни Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей ин шадидтарин даргирӣ ба шумор меравад. Шӯришиён гуфтаанд, ҳукумати Тркия аз дархости онҳо дар бораи беҳбуди шароити нигаҳдошти Абдулло Уҷалон дар зиндон сарфи назар кардааст.
XS
SM
MD
LG