Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия боҷи нафти содиротиашро боло мебарад


Тибқи иттилои “Азия-Плюс”, Русия аз аввали моҳи апрел боҷи гумрукиро барои фаровардаҳои нафтӣ боло бурд. Дар ин бора Владимир Путин-нахуствазири Русия санадеро имзо кардааст. Тибқи ин санад акнун нархи як тона нефти хоми содиротӣ аз 365 доллар тақрибан ба 424 доллар баробар мешавад. Дар давоми як соли ахир Русия ду бор молиёт барои фаровардаҳои нафтиро боло бурдааст. Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфтааст, дар давоми ду моҳи ахир Тоҷикистон аз Русия бештар аз 62 ҳазор тон маҳсулоти нафтӣ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG