Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафи атрофиёни Қаззофӣ коҳиш меёбад


Мусо Кӯса
Мусо Кӯса
Ба думболи вазири умури хориҷӣ Мусо Кӯса боз чанд тан аз мансабдорони воломақоми Либия тасмим гирифтанд, ки ҳукумати Муаммар Қаззофиро тарк кунанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, вазири саноати нафт, вазири истихборот ва муовини вазири умури хориҷӣ айни ҳол дар фурудгоҳи Тунис интизори парвоз ба Аврупоянд.

Вазири умури хориҷии Либия Мусо Кӯса рӯзи чаҳоршанбе ба Бритониё омад ва дар бораи истеъфои худ хабар дод.

Вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг изҳор намуд, ки режими Қаззофӣ аз дохил зери фишор қарор дорад ва тахриб мешавад.
XS
SM
MD
LG