Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли мухолифони давлати Озарбойҷон дастгир шуд


Чанде аз аъзои ҳаракатҳои мухолифони давлат дар Озарбойҷонро дар остонаи тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ боздошт кардаанд, ки интизор меравад, рӯзҳои таътил сурат бигирад. Аз ҷумла аъзои Ҷабҳаи Халқӣ, Ҳизби демократии Озарбойҷон, Ҷабҳаи аслии халқии Озарбойҷон дастгир шудаанд ва барои муқовимат ба кормандони пулис ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз 5 то 10 рӯзи ҳабс ҷазои маъмурӣ гирифтаанд. Мухолифони давлати Озарбойҷон гуфтаанд, бо вуҷуди иҷозаи расмӣ нагирифтан, рӯзи шанбе дар ҳошияи шаҳри Боку тазоҳурот баргузор мекунанд.
XS
SM
MD
LG