Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши иҷрои муҷозоти эъдом дар соли 2010


Созмони Авфи байналмилалӣ мегӯяд, соли гузашта теъдоди эъдомҳо дар ҷаҳон то андозае коҳиш ёфтааст.

Ин созмон афзудааст, бо ин вуҷуд, ҳанӯз ҳам ҳазорон нафар дар саросари дунё ҳамасола ба марг маҳкум мешаванд.

ЧИН САДРНИШИНИ ЭЪДОМҲО

Ин созмон дар гузориши тозаи худ аз давлати Чин, ки гуфта мешавад солона ҳазорон нафарро эъдом мекунад, хоҳиш кардааст, ки иттилоъ дар мавриди теъдоди эъдомҳоро ошкор кунад.

Созмони Афви Байналмилалӣ аз коҳиши эъдом дар саросари ҷаҳон хабар дод, вале ҳамзамон аз он нигарон кард, ки ҳоло низ ҳазорон нафар, махсусан дар кишварҳои Осиёӣ ва Ховари Миёна эъдом мешаванд.

Ин созмон дар гузориши нави худ гуфтааст, ба истиснои Чин, дар соли 2010 ҳадди ақал 527 ҳолати эъдомро сабт кардааст. Ба гуфтаи созмон, ин рақам дар муқоиса бо 714 ҳолати соли 2009 камтар будааст.

Дар гузориш омадааст, дар Чин, ки ҳукми қатлро зери пардаи асрор нигоҳ медорад, “ҳазорон” нафар эъдом шудаанд. Эъдомҳое, ки дар Чин анҷом мешаванд, бештар аз ҳамаи эъдомҳоест, ки дар саросари дунё татбиқ шудаанд.

Дар соли 2010 Эрон бо эъдоми 252 нафар, Кореяи Шимолӣ бо 60 нафар, Яман бо 53, Иёлоти Муттаҳида 46, Арабистони Саудӣ бо тақрибан 27 ва Ироқ бо ҳадди ақал як эъдошмуда, ба рӯйхати Афви байналмилалӣ шомил шудаанд.

Муаллифи гузориши нави Созмони Афви Байналмилалӣ Розевн Райф дар маъракаи муаллифии гузориш дар Ҳонг Конг чунин гуфт: «Мо комилан муътақидем, ки раванди дасткашидан аз ҳукми эъдом ҷараён дорад. Ин аз ҳадафҳои муҳими Созмони Милали Муттҳаид аст ва бисёр давлатҳо инро дарк мекунанд. Ман бовар дорам, кишварҳои дигар, ки ҳукми эъдомро лағв накардаанд низ, ба сӯи ин ҳадаф гом хоҳанд бардошт. Ин танҳо масъалаи вақт аст.»

"БОЗГАШТ"-И ЭЪДОМ БА АВРУПО

Созмони Афви байналмилалӣ бо ишора ба қатли ду тан дар ҷумҳурии Белорус, аз бозгашти эъдом ба Аврупо хабар додааст. Гузориш мегӯяд, бо он, ки коҳиши эъдом дар саросари ҷаҳон мушоҳида мешавад, аммо кишварҳое ҳукми эъдомро дар ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир, ҷиноятҳои иқтисодӣ, гуноҳҳои марбут ба робитаи ҷинсӣ ва тавҳин ба муқаддасот истифода кардаанд. Соли гузашта чаҳор кишвари дигар ба хайли давлатҳое пайвастанд, ки аз эъдом истифода мекунанд.

Дар бораи теъдоди эъдомшудаҳо дар Афғонистон, Индонезия, Муғулистон, Покистон, иттилоъе дастрас нашудааст. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки ин давлатҳо ҳадди ақал то солҳои 2008-2009 эъдомҳоеро ба роҳ андохта буданд. Соли гузашта беш аз 2 ҳазор ҳукми қатл дар 67 кишвари ҷаҳон гузориш шудааст ва ҳадди ақал 18 ҳазор нафари интизори сарнавишт, дар ҳуҷраҳои марг маскун шудаанд.

Қатлҳо дар маърази ом асосан дар Эрон, Арабистони Саудӣ ва Кореяи Шимолӣ анҷом шудаанд. Мақомоти якчанд кишвари дигар, бо шумули Белорус, Боствана, Миср ва Ҷопон на муттаҳамон ва на хешу табори онҳоро аз эъдоми ногузир огаҳ накарданд. Дар кишварҳое мисли Белорус, Виетнам ва Боствана, ҷасади эъдомшудаҳо ба наздикони онҳо баргардонида намешаванд.
XS
SM
MD
LG