Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО назорат бар ҳарими ғайрипарвозро ба даст гирифт


Андерс Фог Расмуссен
Андерс Фог Расмуссен
Имрӯз паймони НАТО гуфт, дар ҳоле, ки гурӯҳҳои шӯришӣ дар самти шарқ нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофиро водор ба ақибнишинӣ кардаанд, тибқи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ НАТО назорат бар минтақаи ғайрипарвозро ба даст гирифтааст. Субҳи имрӯз Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулли НАТО гуфт, ки ин паймон фармондеҳии ҳамаи амалиёт дар Либияро дар ихтиёр гирифтааст, то аз шаҳрвандон дифоъ кунад. Ҳамзамон ҳавопаймоҳо зодгоҳи Муаммар Қаззофӣ шаҳри Сиртеро бомбборон кардаанд.
XS
SM
MD
LG