Мақомоти расмии Қирғизистон мегӯянд, аксари маҳбусони 6 зиндони ин кишвар ва 5 боздоштгоҳ даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Дар Қирғизистон 11 зиндон вуҷуд дорад. Калибек Качкиналиев-як мақоми расмии зиндонҳои Қирғизистон мегӯяд, гуруснанишинӣ 25-ӯми март дар 3 зиндон шурӯъ шуд ва сипас дар зиндонҳои дигар аз он пайравӣ карданд. Бино ба гуфтаи ин мақомот, аз 50 то 70 дарсади зиндониён дар гуруснанишинӣ ширкат доранд. Зиндониён аз мақомот тақозо доранд, ки ҳабси ҷонибдорони Камчӣ Колбаев-раҳбари гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноиро қатъ кунанд. Аммо мақомот дар ин бора нуқтаи назари дигар доранд ва мегӯянд, гуруснанишиниро хешовандони Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршуда ташкил кардаанд. То ҳол ду зиндонӣ дар натиҷаи гуруснанишинӣ ҷони худро аз даст додаанд.