Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарими ғайрипарвоз дар Либия се моҳ давом мекунад


Фог Расмуссен-Дабири кулли НАТО
Фог Расмуссен-Дабири кулли НАТО
Мақомот мегӯянд, НАТО ба нақша гирифтааст, ки ҳарими ғайрипарвоз эълонкардаи Либия се моҳ идома ёбад ва дар ин муддат ҳамлаи нируҳои эътилофи баййналмиллалӣ ба нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ давом кунад. НАТО рӯзи панҷшанбе қатъномаи СММ дар бораи эълон кардани ҳарими ғайрипарвози Либия ба тасвиб расонд ва интизор меравад, ки иҷрои он аз аввали ҳафтаи оянда оғоз шавад. Хонум Оана Лангеску-сухангӯи НАТО гуфт нируҳои тн паймон дар бораи амалиёти 90 рӯза сӯҳбат мекунанд, вале он метавонад камтар тӯл кашад. Қаблан Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти ин созмон гуфт, нируҳои ҳукумати Либия аз риояти отшабас сарфи назар кардаанд, бо вуҷуди ин ки ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои эътлофи байналмиллалӣ бар зидди нируҳои Муаммар Қаззофӣ идома дорад. Оқои Бан дар Нию Йорк гуфт, Либия ба муқаррароти оташбас эҳтиром намегузорад:

“Бо вуҷуди ин, ки мақомоти Либия такрор ба такрор иддао кардаанд, мо ҳамоно нишонаҳои оташбасро мушоҳида накардаем. Либия ҳеҷ иқдоме барои иҷрои тааҳудоти худ тибқи қатъномаи шумораи 1970 ва 1973 накардааст”.

Ҷерар Эроуд-намояндаи Фаронса дар СММ гуфт, Муаммар Қаззофӣ дигар ба ҳарфҳои СММ гӯш намедиҳад.
XS
SM
MD
LG