Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабабро нагуфтанд. Ҷасади сарбози 19-соларо ба наздиконаш супурданд

Солеҳ Файзиев, соли 2026.
Солеҳ Файзиев, соли 2026.

Як сарбози 19-сола, ки ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафтааст, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.

Пайкари як сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро рӯзи 2-юми сентябр ба наздиконаш дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд супурдаанд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Солеҳ Файзиеви 19-сола моҳи октябри соли гузашта ихтиёран ба артиш рафта буд.

Як тан аз наздиконаш, ки нахост номаш гуфта шавад, рӯзи 4-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҷасадро оварда супурданд, вале сабаби марги ӯро шарҳ надоданд".

Солеҳ Файзиев дар қисми ҳарбии 0215-и Нерӯҳои марзбонии КДАМ дар шаҳри Исфара хидмат мекард, вале моҳе пеш ӯро бо гурӯҳе аз ҳамхидматонаш барои ширкат дар раҳпаймоиҳо ба муносибати 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ба ноҳияи Рӯдакӣ бурдаанд. Ҷузъиёти марги ӯ маълум нест.

"Раиси ҷамоату кормандони комиссариати ҳарбӣ оварда, ҷасадро доданд. Ба мо ягон чиз нагуфтанд, ки ба ӯ чӣ шудааст. Вақте пурсидем, гуфтанд, агар шикоят доред, ба мақомот нависед",- гуфт як узви хонаводаи сарбоз.

Дар Дафтари матбуотии Нерӯҳои марзбонии КДАМ ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд. Аз марги сарбоз хабари расмие мунташир нашудааст.

Марги сарбозон дар артиш ҳамасола сабт мешавад.

Радиои Озодӣ дар як соли охир дар бораи марги ҳафт сарбоз хабару гузориш нашр кард. Аксар пайвандони онҳо аз шева ва шароити хидмат норозӣ буданд.

Наздикони чанд ҷавон ҳам ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки писарони бемору маъюбашонро ба артиш бурдаанд. Вазорати дифои Тоҷикистон гуфта буд, ҳар мавриди ҳалокати сарбозон ё даъвати ғайриқонунии ҷавонон ба артишро таҳқиқ мекунад. Дар ду ҳолат, пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ афроди беморро аз идомаи хидмати ҳарбӣ озод карданд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG