Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот мегӯянд, гӯшти воридотӣ ҳалол аст. Сокинон шубҳа доранд

Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар посух ба шубҳаҳои сокинон дар бораи гӯшти воридотӣ мегӯяд, ин навъ маҳсулот ҳалол ва ба талабот ҷавобгӯ аст.

Ҳоло гӯшти Белорусия ва Муғулистон ҷойи гӯшти маҳаллиро дар бозорҳои Душанбе гирифтааст. Пайдо кардани гӯшти чорвои маҳаллӣ мушкил аст. Сокинон ҳам зоҳиран ба ин вазъ одат кардаанд. Баъзеҳо аз нархи дастрас ситоиш мекунанд. Як кг гӯшти Беларус 75 ва гӯшти маҳаллӣ аз 100 сомонӣ бештар аст.

"Созанд гуштҳо, сифатошон нағз аст. Фарқ надорад. Кадомеаш, ки нархаш дастрас бошад, онро мехарем" - гуфт, Садбарг Ёқубова, як сокини пойтахт, ки барои харид ба Бозори Саховат омада буд.

Соли 2025 баъди боло рафтани нарх ва камчин шудаги гӯшти маҳаллӣ ворид кардани ин маҳсулот аз хориҷа якбора зиёд шуд. Бино бар омори расмӣ, соли гузашта ба Тоҷикистон 20 ҳазор тонна гӯшт оварда шудааст. Бархе сокинон то ҳол ба сифати ин гӯштҳо ва шеваи забҳи чорво шубҳа доранд.

Ба гуфтаи соҳибкор, Дилшод Раҳимов дар аввал ин навъи гӯшт харидори кам дошт. "Ба хотире ки он қадар маълумот надоштанд харид кам буд, ҳозир бошад, аксарияти мардум мегиранд. Ҳоло ҳам мепурсанд, ки гӯшти куҷо аст? Тарзи куштанаш чӣ гуна аст? Мо аз рӯйи навор дидем, ки ҳалол мекушанд, ба даст мекушанд. Бачаҳои тоҷик ҳастанд. Мардум ҳам вақте ки мепурсанд, мегӯем, бемалол гирифтан мегиранд". - афзуд, вай.

Воридоти гӯшт ба Тоҷикистон аз мавзуъҳои асосӣ дар нишасти хабарии Кумитаи озуқаворӣ буд. Раиси ин ниҳод талош кард, хабарнигонро ва аз ин тариқ сокинонро бовар диҳад, ки гӯшти воридотӣ ба талабот ҷавобгӯ аст.

Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ гуфт: "Вақте ки корхонаҳои давлатӣ ва соҳибкорон ворид мекунанд қабл аз ворид кардан тамоми талаботи байторӣ рафта санҷида дида мешаванд. Ё корманди мо рафта аккредитатсия мекунад ё агар бо сабабе нарафт худи корхона ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекунанд. Аксари чорвое ки ворид карда истодаанд аз рӯи талаботи мо аз ҳисоби муҳоҷирон ё аз инҷо бурда ба тариқи ҳалол кушта оварда истодаанд. Сертификати ҳалол ба мо пешниҳод мекунанд."

Дар ҳамин ҳол намояндагони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ аз қочоқи гӯшт ба кишвар низ хабар медиҳанд. Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта 24 тонна маҳсулоти гӯштӣ бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи беҳдоштӣ нобуд карда шудааст.

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гӯшт тақрибан 390 ҳазор тонна аст. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, дар 11 моҳи соли 2025 дар кишвар 375 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст. Вале бо вуҷуди ин дар бозорҳои Душанбе пайдо кардани гӯшти маҳаллӣ мушкил аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG