Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милал суханронӣ кунад


Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои гузаштаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал бештар дар бораи тағйири иқлим ва вазъи ноороми Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон сухан гуфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои гузаштаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал бештар дар бораи тағйири иқлим ва вазъи ноороми Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон сухан гуфтааст.

Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 24-уми сентябр дар  иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ кунад.

Дар ин нишасти солона ва муҳими Созмони Милал, ки аз рӯзи 24-уми сентябр оғоз ёфта, чанд рӯз идома мекунад, раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар бораи масоили муҳими байналмилалӣ, авзои ҷаҳон ва мушкилоти кишварҳои худ сӯҳбат мекунанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-уми сентябр хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайате аз вазирон ва дипломатҳову дастёронаш ба Ню Йорк сафар кардаанд. Дар ҳайат вазирони умури хориҷӣ, тандурустӣ ва молия низ ҳастанд.

Маълум нест, имсол Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милал бештар сари кадом мавзуъ тамаркуз мекунад, аммо дар нишастҳои солҳои гузашта дар бораи тағйири иқлим, вазъи ноороми Афғонистон ва мусоидат ба рушди кишварҳои камбизоат сухан гуфтааст.

XS
SM
MD
LG