Расонаҳои Ҷопон, аз ҷумла шабакаи NHС гузориш доданд, ки маҳбубияти Кисида тайи моҳҳои ахир коҳиш ёфтааст ва барои ҳамин ӯ дигар барои курсии роҳбарии Ҳизби ҳокими либерол демократ талош намекунад.
Кисида аз моҳи октябри соли 2021 ба ин тараф нахуствазири Ҷопон буд. Қарор буд сарвазири Ҷопон рӯзҳои 9-12-уми август ба кишварҳои Узбекистон, Қазоқистон ва Муғулистон сафар карда, бо роҳбарони Осиёи Марказӣ дар Остона дидор кунад.
Аммо Кисида баъди ҳушдори Маркази зилзилашиносии кишвараш дар бораи эҳтимоли рух додани заминларзаи сахт аз сафар ба ОМ даст кашид.