Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба даъвои байналмилалӣ алайҳи Исроил ҳамроҳ шуд


Туркия ба даъвои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, ки Исроилро барои ҷанг дар навори Ғазза ба Додгоҳи байналмилалии СММ кашида аст, ҳамроҳ шуд.

Туркия ҳафтумин кишваре шуд, ки ба ҷавобгарӣ кашидани Исроилро дар пасманзари амалиёти низомияш зидди гуруҳи фаластинии "Ҳамос" талаб мекунад. "Ҳамос" дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эълом шудааст.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон борҳо ҳодисаҳои Ғаззаро қатли омми фаластиниён номидааст. Исроил ин иддаоро рад мекунад.

Додгоҳи байналмилалии СММ дар Гаага моҳи январи имсол баррасии шикояти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубиро алайҳи Исроил бо иттиҳоми қатли омми сокинони Ғазза оғоз кард. Ба ин шикоят Никарагуа, Колумбия, Либия, Мексика, Испания ва Фаластин ҳам ҳамроҳ шуда буданд.

Ҷанг дар навори Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли гузашта бо ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва 240 тани дигар ба асорат гирифта шуданд. Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза то кунун 39 ҳазор фаластинӣ ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG